21 октябр 2019, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Сатҳу сифати корҳои сохтмониву лоиҳакаширо беҳтар менамоем

65
Сатҳу сифати корҳои сохтмониву лоиҳакаширо беҳтар менамоем

11 октябри соли 2019 ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти Кумита дар нуҳ моҳи соли 2019 бо иштирокинамояндагони вазорату идораҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ, сармеъморони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, директорони корхонаҳои фаръии Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарон ва кормандони масъули зерташкилоту муассисаҳо ва дастгоҳи марказии Кумита баргузор гардид. Дар ҷаласа ду масъалаи асосӣ баррасӣ гардид:

1.Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти раёсату шӯъбаҳо ва воҳидҳои сохтории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2019 ва вазифаҳо барои ҷамъбасти соли ҷорӣ.

2. Дар бораи ҳолати омодагии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти мунтазам ва самаранок дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020.

Аз рӯи масъалаи якум маърӯзаи ҷамъбастии Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, ҳамчунин ҳисоботи роҳбарони воҳидҳои сохтории Кумита шунида шуд.

Оид ба масъалаи дуюм гузориши муовини Раиси Кумита Мирзозода Н.Ю. шунида шуд.

Ба иттилои Раиси Кумита дар давоми семоҳаи сеюми соли равон сармеъморони 5 шаҳру ноҳия дар мувофиқа бо Кумита ба вазифа таъин гардиданд. Ин ҳам бошад: шаҳри Левакант – Юсуфов Мансур, ноҳияи Панҷ – Латипов Ҷамшед, ноҳияи Варзоб – Ёдгорзода Фирдавсӣ, ноҳияи Сангвор – Назаров Талбӣ ва ноҳияи Дарвоз – Махшулов Фирӯз.

Инчунин бо фармоишҳои Раиси Кумита директорони корхонаҳои фаръии Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш дар шаҳри Конибодом – Муқимӣ Абдуҷамол, ноҳияи Варзоб – Рабиев Далер ва ноҳияи Ховалинг – Набиев Аловуддин ба вазифа таъин гардиданд.

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол дар маърӯзаи худ дар мавриди ҷамъбаст намудани кору фаъолияти раёсату шӯъбаҳо ва воҳидҳои сохтории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2019 ва гузоштани вазифаҳо барои ҷамъбасти соли ҷорӣ қайд намуд, ки санаи 9 сентябр мо ҷашни бузурги халқи тоҷик 28-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии азизамонро бо шукру сипос ва ифтихору сарфарозӣ аз сулҳу субот, фазои орому осудаи кишвар бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ва ба истифода додани садҳо иншооти хурду бузург дар тамоми қаламрави кишвар истиқбол намудем.

Лозим ба ёдоварист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бистуҳаштсолагии истиқлолияти давлатӣ бо дастоварду рӯйдодҳои муҳимми таърихӣ хотирмон хоҳад буд, зеро ба истиқболи ин рӯйдоди фараҳбахш дар саросари мамлакат корҳои ободкориву созандагӣ вусъат ёфта, аз пойтахти мамлакат то дуртарин гӯшаву канори он боз ҳам ороставу зебо гардида истодааст.

Соли 2019 барои Тоҷикистони азизамон соли пешравӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла иқтисодиёт, иҷтимоиёт, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, рушди маҳал ва ҷалби сайёҳони хориҷиву дохилӣ ба шумор меравад.

Ҳоло дар саросари кишварамон корҳои ободкориву созандагӣ босуръат идома доранд.

Хусусан, дигаргуниҳои куллие, ки дар пойтахти кишвари азизамон - шаҳри Душанбе ва дар тамоми гӯшаву канори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадаанд, натиҷаи заҳмати аҳлонаи мардуми ватандӯстамон мебошад.

Чи тавре, ки ҳамаи шумо огоҳӣ доред, моҳҳои август - сентябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти ҳаётан муҳим, шиносоӣ бо шароити зиндагии сокинон ва иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 28-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Балҷувон, Ховалинг, Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Зафаробод, Деваштич, Ҷаббор Расулов, Душанбе, Муъминобод, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Файзобод ва Рӯдакӣ ташриф оварда, як қатор бинову иншоотҳоро мавриди истифода қарор доданд.

Бо истифода аз фурсат барои гузоштани саҳми арзанда ҷиҳати бунёди иншоотҳо миннатдории худро ба лоиҳакашон, сохтмончиён, сармеъморони шаҳру ноҳияҳои зикршуда, инчунин намояндагони Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ мерасонам.

-Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади татбиқи нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва амалӣ кардани мақсадҳои неку дурбинонаи Роҳбари давлат дар самти таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои гидроэнергетикӣ, сохтмону таҷдиди нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд карда шудаанд.

Сатҳу сифати корҳои сохтмониву лоиҳакаширо беҳтар менамоем

9 сентябри соли 2019 мо шоҳиди боз як пирӯзии дигари Истиқлолияти давлатии мамлакатон гардидем: агрегати навбатӣ, чархаи дуюми Неругоҳи барқии обии «Роғун» ба кор оғоз кард. Ин неругоҳ имрӯз ва фардои иқтисоди миллии кишварро ба танзим дароварда, ҷиҳати бунёди садҳо корхонаҳои хурду бузург замина фароҳам меорад. Тоҷикистон тавассути Неругоҳи барқи обии “Роғун” на танҳо истиқлолияти энергетикиро таъмин месозад, балки барои ояндаи рушди кишвар роҳ кушода, ҷиҳати интиқоли барқ ба кишварҳои ҳамсоя ва минтақа шароит фароҳам меоварад.

Ҳамаи ин тадбирҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушду пешрафти соҳаҳои иқтисодии мамлакат, ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва таъмини зиндагии шоистаи халқи тоҷик равона гардидаанд, ки пайомадҳои он дар рушди кишвари азизамон неку бобарор дониста мешавад.

Аз фурсат истифода бурда, ба роҳбари Гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба ҳалли масъалаҳои НБО “Роғун” - муовини Раиси Кумита Мирзозода Н.Ю., инчунин ба сардори Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ Табарзода Р.Ҳ., сардори Раёсати экспертизаи давлатӣ Саъдуллозода С.Ф., директори КВД “Ташхисгар” Нурзода Р., директори КВД “Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон” Каримзода А.Р., директори КВД “Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии “Сохтмон ва меъморӣ” Умаров У.Х., сардори Раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмон Ниёззода А. ва Раёсати саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикӣ, барои сари вақт ҳал намудани масъалаҳои ҷойдоштаи нархгузорӣ ва техникии иншоот, бо ҳуҷҷатҳои меъёрӣ таъмин кардани нерӯгоҳ, ташхиси лоиҳаҳо, амалӣ намудани назорати сатҳу сифати иҷрои корҳои сохтмону васлгарӣ ва баррасии дархостҳои ташкилотҳои дар “НБО Роғун” фаъолиятдошта, миннатдории худро мерасонам.

Кумита дар нуҳ моҳи соли 2019 барои ноил шудан ба ҳалли масъалаҳои гузошташуда як қатор корҳоро ба анҷом расонид. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумита ин таъмини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассали банақшагирии маҳал мебошад. Айни замон, аз 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳияи нақшаҳои генералии 60 шаҳру ноҳияҳо пурра ба анҷом расида, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, мавриди амал қарор доранд.

Лоиҳаи Нақшаи генералии маркази ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Шаҳритуз бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа гардида, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.

Лоиҳаи Нақшаҳои генералии шаҳри Гулистон ва ноҳияи Фархор мавриди мувофиқа қарор доранд. Таҳияи лоиҳаи Нақшаи генералии ноҳияи Данғара идома дорад.

Аз ин рӯ, муовини Раиси Кумита (Раҳматуллозода Ш.И.), сардори Раёсати шаҳрсозӣ (Искандаров Ф.С.) ва сармеъмори ноҳияи Фархор вазифадор карда мешаванд, ки барои то охири моҳи ноябри соли ҷорӣ ҷиҳати бо вазорату идораҳои дахлдор ба мувофиқа расонидан ва пешниҳоди онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешанд. Кумита дар асоси Нақшаи корӣ барои соли 2019 бо мақсади ба танзим даровардани раванди корҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ моҳи феврал дар шаҳри Бохтар, моҳи март дар шаҳри Душанбе, моҳи апрел дар ноҳияҳои Нуробод ва Шаҳритуз, моҳи май дар ноҳияи Данғара, моҳи июн дар шаҳри Истаравшан ва шаҳри Хуҷанд ва моҳи август дар шаҳри Хоруғ семинар-машварат дар мавзӯи “Баррасии саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои интихобу додани қитъаи замин, лоиҳакашӣ, мувофиқа ва додани иҷозати сохтмон” бо иштироки муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ, шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, роҳбарони мақомотҳои маҳалии меъморӣ ва шаҳрсозӣ, кумитаи идораи замин, ташкилотҳои минтақавии лоиҳакашӣ, намояндагони сохторҳои минтақавии муҳандисии шаҳру ноҳияҳои зикршуда, роҳбарону кормандони масъули ташкилоту муассисаҳо баргузор намуд.

Сатҳу сифати корҳои сохтмониву лоиҳакаширо беҳтар менамоем

Дар ҷамъбасти семинар-машваратҳои гузаронидашуда барои ислоҳ, пешгирии қонунвайронкуниҳо ва минбаъд роҳ надодан ба камбудиҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, ба мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои зикршуда ва сохторҳои дахлдори он, иштирокчиёни фаъолияти шаҳрсозӣ ирсол карда шуд.

Муовини Раиси Кумита (Раҳматуллозода Ш.И.), сардори Раёсати шаҳрсозӣ (Искандаров Ф.С.), сардори Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмон (Табарзода Р.Ҳ.), директори Муассисаи давлатии “Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ” (Сафарзода А.А.) иҷроиши қарорҳои аз натиҷаи семинар-машваратҳои гузаронидашуда қабулгардидаро зери назорат қарор дода, аз натиҷаи бартарафсозии камбудиҳо то охири моҳи ноябри соли равон ба Кумита маълумот пешниҳод намоянд.

Дар ин давра тибқи Нақшаи корӣ мутахассисони Кумита ҷиҳати ба роҳ мондани назорати ҳолати риоя ва татбиқи амалӣ намудани нақшаҳои генералӣ ба шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав, Леваканд, Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш, Кӯшониён, Дӯстӣ, Панҷ, Хуросон, Норак, Данғара, Ёвон, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Восеъ, Бохтар, Дарвоз, Ванҷ, Шуғнон, Ишкошим, Роштқалъа, Хоруғ, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Панҷакент, Истаравшан, Деваштич, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Хуҷанд, Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳ сафарбар карда шуданд.
Натиҷаи санҷиш нишон дод, ки аз ҷониби масъулини мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои зикршуда то имрӯз баррасии муроҷиатҳо оид ба додани қитъаи замин ва иҷозати сохтмон барои сохтмони бинову иншоотҳо аз рӯи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ дуруст ба роҳ монда нашуда, муҳлатҳои муқарраршуда риоя нагардида, камбудиҳо дар самти назорати сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ, риояи кодекси шаҳрсозӣ ва замин, меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, ҷой доранд.

Аз натиҷаи боздиди гурӯҳҳои корӣ барои дар доираи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозии тасдиқшуда ба роҳ мондани фаъолияти шаҳрсозӣ ва ба танзим даровардани маркази шаҳру ноҳияҳо, ободонии ҳудуд, ҳалли маҷмуавии бунёди иншоотҳо ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба унвонии мақомотҳои зикршуда мактуби расмӣ ирсол карда шуд ва раванди иҷроиши он зери назорат қарор дорад.

Ба Раёсати шаҳрсозӣ (Искандаров Ф.С.) ва Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ (Табарзода Р.Ҳ.) супориш дода мешавад, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати амалӣ намудани назорати татбиқи Нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассали банақшагирии маркази шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то охири моҳи ноябри соли ҷорӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар иншооти “НБО Роғун” мувофиқ ба супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди бо ҳуҷҷатҳои меъёрӣ таъмин кардани нерӯгоҳ, ҳалли масъалаҳои ҷойдоштаи нархгузорӣ, масъалаҳои техникии иншоот ва дархостҳои ташкилотҳои дар “НБО Роғун” фаъолиятдошта ҳаллу фасл гардида истодаанд.

Дар асоси муроҷиатҳои ҶСК «НБО Роғун» таҳияи меъёри унсурии харҷномавии ҷудогона барои иҷрои корҳои пармагарӣ, барои иҷрои корҳои ҳаффории чоҳ, мустаҳкамкунии муваққатӣ бо тариқи лангаргузории оҳану бетонӣ ва бетонпошӣ дар қисмати ҳавокашии толори мошинҳо ва трансформаторҳо, ки дар чуқурии то 136 метр иҷро мегарданд, таҳия карда шуда, барои корбарӣ ба ҶСК «НБО Роғун» пешниҳод карда шуд.

Ҳамзамон, Кумита дар ҳамбастагӣ бо дигар вазорату идораҳои дахлдор супоришҳои протоколии Ситоди ҷумҳуриявӣ ва Шӯрои нозирони ҶСК «НБО Роғун»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, дар муҳлатҳои муайян ба иҷро расонид.

Ҳамчунин, дар ин муддат мутахассисони Кумита дар баррасии масъалаҳое, ки аз ҷониби Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуда буданд, мунтазам иштирок намуда, масъалаҳои пешниҳодгардида сари вақт баррасӣ карда шуданд.
Пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ ва Корхонаҳои воҳиди давлатии Кумита дар нуҳ моҳи соли 2019 ба маблағи 22024247,00 сомонӣ корҳои лоиҳакашӣ, хизматрасонӣ, ҷустуҷӯию тадқиқотиро ба анҷом расониданд, ки ин 110,5 фоизи ҳамин давраи соли 2018-ро ташкил намуд.

Ҳосилнокии меҳнати ҳар як корманд дар нуҳ моҳи соли 2019 2842 сомонӣ ва маоши миёнаи кормандон дар давраи ҳисоботӣ 1477 сомониро ташкил дод, ки ин нишондод 109 фоизи ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил дод. Бояд қайд намуд, ки то ҳол нишондиҳандаҳо ва сатҳу сифати лоиҳаҳои пешниҳодшудаи онҳо ба талабот пурра ҷавобгӯй нест ва Кумита бо пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ оиди баланд бардоштани сифати лоиҳаҳо ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ҳамарӯза кор бурда истодааст.

Бо мақсади баланд бардоштани сифати лоиҳаҳо ва санъати меъморӣ дар назди Кумита Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии пешакии лоиҳаи биноҳои маъмурӣ, ҷамъиятӣ ва истиқоматӣ таъсис дода шуда, барои дуруст ба роҳ мондани ҷойгиршавии биноҳо ва ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ будани тарҳ ва намои биноҳо хулосабарорӣ намуда, ба лоиҳакашон тавсияҳои зарурӣ медиҳад.

Дар ин давра 36 ҷаласаи Комиссия баргузор гардида, дар маҷмуъ 345 лоиҳаҳои ангоравӣ ва корӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва нисбати ҳар як лоиҳа таклифу пешниҳодҳо ирсол гардид. Аз 345 лоиҳаи баррасигардида, 236 лоиҳа бо таклифу пешниҳодҳои зарурӣ ва ба инобатгирии он дар лоиҳаҳои корӣ қобили қабул ҳисобида шуда, барои пешниҳод ба Раёсати экспертиза тавсия дода шуд.

Дар баробари ин ба 109 лоиҳаи дигар бо назардошти ба талабот ҷавобгӯ набудани сифати ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида, тарҳ ва намои бинову иншоот ва зарурияти пешниҳоди иловагӣ барои такмил ва тасҳеҳи минбаъда баргардонида шуданд.

Аз ин рӯ, ба Раёсати экспертизаи давлатӣ супориш дода мешавад, ки танҳо лоиҳаҳои бинову иншоотҳои маъмурӣ, ҷамъиятӣ ва истиқоматиро, ки бо тавсияи комиссия ба Раёсати экспертизаи давлатӣ пешниҳод гардидаанд, мавриди баррасӣ қарор диҳад.

Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба татбиқи лоиҳаи сохтмони биноҳои нави Парлумон ва маҷмӯи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои ҷойдошта дар ин самт Кумита бо вазорату идораҳои дахлдор ҳамкорӣ намуда, маълум менамояд, ки дар доираи созишномаҳои байниҳукуматӣ аз ҳисоби кӯмакҳои бебозгашти Ҷумҳурии Халқии Хитой дар шаҳри Душанбе сохтмони “Бинои нави Парламенти Тоҷикистон ва бинои маҷмӯи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба нақша гирифта шудааст.
Ҷиҳати таҳияи лоиҳаи иншооти «Сохтмони бинои нави Парламенти Тоҷикистон» санаи 4 феврали соли 2019 ва таҳияи лоиҳаи “Сохтмони бинои маҷмӯи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” санаи 19 марти соли равон Протокол оид ба тарҳрезии лоиҳаи иншоотҳои мазкур ба имзо расонида шуд.
Дар ин замина, ҳайати коршиносони хитойӣ аз 27 март то санаи 24 апрели соли равон ҷиҳати таҳияи лоиҳаи “Сохтмони бинои нави Парламенти Тоҷикистон” дар шаҳри Душанбе қарор дошта, созишномаи ҳамкориро барои лоиҳакашии тарҳи меъмории иншоот бо ташкилоти ватании ҶСК “Саноатсоз” ва барои гузаронидани корҳои муҳандиси-геодезии қитъаи замин бо ҶСК “ГИИНТИЗ” ба имзо расонид.

Мутахассисони Ҷумҳурии Халқии Хитой бо мақсади мутобиқ намудани лоиҳаи кории бинои Парлумон ва пешниҳоди он ба экспертизаи давлатӣ аз 18 то 30 сентябри соли 2019 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштанд ва якҷо бо мутахассисони ҶСК “Саноатсоз”-и Кумита ва Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ лоиҳаи кории иншооти зикршударо ҷамъбаст намуда, ба экспертизаи давлатӣ пешниҳод намуданд.

Сатҳу сифати корҳои сохтмониву лоиҳакаширо беҳтар менамоем Сатҳу сифати корҳои сохтмониву лоиҳакаширо беҳтар менамоем

Айни замон, лоиҳаи кории бинои нави Парлумон дар баррасии Раёсати экспертизаи давлатӣ қарор дорад.

Бояд қайд намуд, ки дар доираи Протоколи баимзорасида оид ба тарҳрезии лоиҳаи бинои нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисони Ҷумҳурии Халқии Хитой аз санаи 9 июн то 4 июли соли равон ба шаҳри Душанбе сафари корӣ анҷом дода, созишномаи ҳамкориро барои лоиҳакашии тарҳи меъмории иншоот бо ҶСК “Шаҳрофар”, инчунин барои гузаронидани корҳои муҳандиси-геодезии қитъаи замин бо ҶСК “ГИИНТИЗ” ба имзо расонид.
Дар ин замина, ташкилоти хитоии мазкур лоиҳакашии иншоотро дар сатҳи тарҳрезии пешакӣ ба анҷом расонида, мутахассисони ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати иштирок дар машваратҳои техникӣ ва таҳияи лоиҳаи иншооти мазкур аз санаи 30 август то 10 сентябри соли равон ба Ҷумҳурии Халқии Хитой даъват намуд.

Тибқи супоришҳои протоколи Кумитаи тадорукоти ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразм бо мақсади таҳияи лоиҳаи Нақшаи муфассали тарҳрезии шаҳри Саразм ва боздид аз иншоотҳои сохташаванда мутахассисони Кумита ба шаҳри Панҷакент сафарбар карда шуданд. Кумита дар якҷоягӣ бо масъулини Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент ангораи лоиҳаи муфассали банақшагирии мамнуъгоҳи таърихию бостоншиносии “Саразм”-ро, ки аз ҷониби ҶСК “Шаҳрофар”-и Кумита таҳия гардидааст, ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои корбарӣ ва мувофиқа бо ташкилоти байналмилалии “ЮНЕСКО” ирсол намуд.

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2009 Кумита ҳамчун фармоишгари формалии “Масҷиди калон дар шаҳри Душанбе” муқаррар гардида, рафти корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонии иншооти мазкурро зери назорати доимӣ қарор дод.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот пурра ба анҷом расида, барои дар моҳи октябри соли равон ба истифода супоридан омода мебошад.
Бо Фармоиши Раиси Кумита аз 1 октябри соли 2019, №94/ф Комиссияи корӣ оид ба истифода қабул намудани иншооти сохтмонаш анҷомёфтаи “Масҷиди калон дар шаҳри Душанбе” таъсис дода шуд.

Ҷиҳати иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рафти корҳои сохтмонии иншооти “Сохтмони бинои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 105-и шаҳри Душанбе” зери назорат қарор дорад.

Дар иншоот корҳои пардозгарӣ идома дошта, то санаи 1 ноябри соли равон ба итмом мерасад.

Раванди иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншооти “Сохтмони маҷмааи биноҳои маъмурӣ ва истиқоматии баландошёна бо марказҳои савдою хизматрасонӣ дар ошёнаҳои аввал ва таваққуфгоҳи зеризаминӣ дар таҳхонаи онҳо дар заминаи бинои маъмурии “Почтаи Тоҷик” дар шаҳри Душанбе зери назорати Кумита қарор дошта, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ҷойдошта мунтазам ситодҳо гузаронида, масъалаҳои ҷойдоштаро дар иншоот сари вақт ҳаллу фасл намуда истодааст.

Лоиҳаи кории иншоот аз экспертизаи давлатӣ гузаронида шуда, айни замон дар иншоот корҳои сохтмону васлгарӣ аз қисмати стеллобат боло идома дорад.

Кумита бо розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019 бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар асоси Нақшаи корӣ рӯзҳои 20-21 сентябри соли 2019 дар бинои Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон “Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва нақши ҳунарҳои мардумӣ дар муаррифии меъмории миллӣ”-ро баргузор намуд.

Ҳадаф аз гузаронидани намоишгоҳ рушди минбаъдаи соҳаи сохтмон ва меъмории кишвар, ҷалби сармояи хориҷӣ, густариш додани фаъолияти меъморӣ, лоиҳакашӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон дар шаҳру ноҳияҳо бо истифода аз сарчашмаҳои таърихии санъати меъмории ниёгон, мубодилаи таҷриба, истеҳсоли масолеҳи сохтмонии воридотивазкунанда, бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра буд.
Дар намоишгоҳи мазкур Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Файзов Ё.Д. иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар намоишгоҳ бахшҳои меъморӣ, сохтмон, шаҳрсозӣ, лоиҳаҳои бинову иншоотҳои сохташаванда, истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ватанӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра муаррифӣ карда шуда, зиёда аз 60 ташкилотҳои лоиҳакашӣ, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ ва ҳунармандони мардумӣ маҳсулоти худро ба маърази тамошо пешниҳод намуданд. Бо баргузории ин чорабинӣ зиёда аз 20 шартномаҳои ҳамкорӣ барои харидорӣ ва дастрас намудани масолеҳи сохтмонии маҳаллӣ ба соҳибкорони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба имзо расонида шуд.

Сатҳу сифати корҳои сохтмониву лоиҳакаширо беҳтар менамоем Аз фурсат истифода бурда, ба ҳамаи иштироккунандагони Намоишгоҳ аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ миннатдории худро мерасонам.

Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба меъёрҳои боби 24 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зиёд намудани андозаи ҷаримаҳо вобаста ба қонунвайронкуниҳо дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон бо назардошти таҷрибаи қонунгузории давлатҳои Россия, Казоқистон ва Белорусия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия карда шуд, ки айни ҳол дар мувофиқа бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Вобаста ба ин, муовинони Раиси Кумита (Раҳматуллозода Ш.И., Мирзозода Н.Ю.) ва сардори шуъбаи ҳуқуқ (Нурализода Ш.Ш.) вазифадор карда мешаванд, ки дар муҳлати кутоҳ ҷиҳати бо вазорату идораҳо ва мақомотҳои дахлдор ба мувофиқа расонидани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии зикршуда ва пешниҳод намудани он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешанд.
Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонии Кумита тибқи нақшаи корӣ ва дастуру супоришҳои Кумита назорати сифати корҳои сохтмонӣ ва риояи талаботи меъёру қоидаҳои шаҳрсозиро ба роҳ монда сохтмони 1386 иншоотро таҳти назорати давлатӣ қарор дод.
Дар ин давра дар 1386 иншоот 2789 санҷиш гузаронида, ба масъулини сохтмонҳо 1387 амрнома дода шуда, ба 377 шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва шахсони мансабдор барои роҳ додан ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 628050,0 сомонӣ ҷарима таъин карда, аз он 372135,0 сомонӣ ба буҷа ворид гардидааст. Инчунин, 48 қарор ба маблағи 142615,0 сомонӣ муҳлат дошта, 21 қарор ба маблағи 113300,0 сомонӣ бо аризаи даъвогӣ ба суд ирсол карда шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ сохтмони 55 иншооти бе хулосаи мусбии экспертизаи давлатӣ, 20 иншооти бе лоиҳаи корӣ ва 26 иншооти бе қарори Раисони шаҳру ноҳияҳо оғозгардида ошкор карда шуда, ба шахсони ба қонунвайронкунӣ роҳ дода ба маблағи 89000,0 сомонӣ ҷарима таъин карда шуд.

Пас аз чораҷӯиҳо дар ин давра аз 55 иншооти бе хулосаи мусбии экспертизаи давлатӣ 6 лоиҳа аз экспертизаи давлатӣ гузаронида шуд. Аз 20 иншооти бе лоиҳаи корӣ оғозгардида 8 лоиҳа таҳия карда шуд. Инчунин аз 26 иншооти бе қарори Раисони шаҳру ноҳияҳо оғозгардида 4 қарор дастрас карда шуд.
Дар нуҳ моҳи соли 2019 ба Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ барои гирифтани иҷозатномаи фаъолияти сохтмонӣ ва лоиҳакашӣ 376 муроҷиат ворид гардида, 347 муроҷиат дар маҳал санҷида шуда, хулосаи дахлдор барои баррасӣ ба Комиссияи иҷозатномадиҳӣ пешниҳод гардид, ки аз ин ба 217 довталаб иҷозатнома дода шудааст. Ба 130 ташкилот аз ҷониби Комиссия бо сабаби камбудиҳои ҷойдошта, ҷавоби рад дода шуда, ҳуҷҷати 29 довталаби дигар мавриди омӯзиш қарор доранд.

Сатҳу сифати корҳои сохтмониву лоиҳакаширо беҳтар менамоем Ҳамзамон дар ин давра, ба Хадамот аз ҷониби 157 шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои тамдид намудани муҳлати амали иҷозатнома ҳуҷҷат пешниҳод шуда, муҳлати амали иҷозатномаи 103 ташкилот тамдид карда шуданд. Ба 48 ташкилот аз ҷониби Комиссия ҷавоби рад дода шуда, ҳуҷҷати 6 ташкилот, мавриди таҳлил қарор дорад.

Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби 112 ташкилот барои аз як сатҳ ба сатҳи дигари масъулиятнокӣ гузаронидан ба Хадамот муроҷиат намудаанд, ки аз ин муроҷиати 76 ташкилот қонеъ карда шуда, ба 30 ташкилот ҷавоби рад дода шудааст. Ҳуҷҷати 6 ташкилот мавриди омӯзиш қарор дорад.

Ба Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ зарур аст, ки назорати риояи шарту талаботи иҷозатномадиҳиро аз ҷониби иҷозатномагирандагон боз ҳам пурзӯр намуда, ҷиҳати саривақт тамдид намудани иҷозатномаҳои муҳлаташон ба охир расида чораҳои зарурӣ андешад.
Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ дар нуҳ моҳи соли 2019 - 462 лоиҳаҳои кориро мавриди ташхис қарор дод. Ба 347 лоиҳа хулосаи мусбӣ, ба 16 лоиҳа хулосаи манфӣ (баъдан ба 4 лоиҳа хулосаи мусбӣ) дода шуда, 9 лоиҳаи корӣ аз эътибор соқит ва 2 лоиҳаи корӣ мавқуф гузошта шудааст. Айни замон 92 лоиҳаи корӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ба сифати харҷномаи лоиҳаҳо диққати ҷиддӣ дода шуда, дар ин давра аз харҷномаи иншоотҳо дар маҷмӯъ 295 412 ҳазор сомонӣ бо назардошти лоиҳаҳои иншооти “НБО Роғун” кам карда шуд, ки бо ин васила арзиши корҳои сохтмонию васлгарӣ ба ҳамин маблағ арзон гардид.

Дар нуҳ моҳи соли 2019 ба Раёсати экспертиза аз тарафи лоиҳакаши генералии НБО-и «Роғун» ҶС «Гидропроект» ба миқдори 85 баст ҳуҷҷатҳои корӣ пешниҳод шуда, аз ин миқдор ба 40 баст хулосаи мусбӣ дода шуд ва 45 баст мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ба роҳбарияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳаҳои шаҳрсозӣ ва КВД “Ташхисгар” супориш дода мешавад, ки барои тақвияти фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати экспертизаи лоиҳаҳо, ҳалли норасоии кадрҳо ва ҷалби мутахассисони касбӣ дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҷиҳати татбиқи принсипи “Равзанаи ягона” барои гирифтани иҷозати сохтмон Муассисаи давлатии “Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ” дар нуҳ моҳи соли 2019 бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамкорӣ намуда, дар асоси таҳлилу арзёбиҳои пешакии маълумотҳои асосӣ оид ба арзёбии вазъи амалигардонии равзанаи ягона гузоришу ахборотҳои таҳлилӣ ҳам дар шакли ҷадвал ва ҳам дар шакли маълумоти электронӣ таҳия карда шуда, ба ҷонибҳои дахлдор манзур карда шуд.

Ҳамчунин тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” кушодани утоқи кории "Равзанаи ягона дар соҳаи шаҳрсозӣ" дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо пешбинӣ карда шуда, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда шудаанд, ки иҷрои пурраи бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳоро дар муҳлатҳои муқарраргардида таъмин намуда, ҷиҳати мусоидат ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ чораҳои амалӣ андешанд.

Дар доираи иҷрои қарори мазкур фармоиш ва Нақшаи чорабиниҳои Кумита аз 20 марти соли 2019 ба имзо расида, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дархост ирсол гардид.

Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо утоқи кории "Равзанаи ягона дар соҳаи шаҳрсозӣ" дар 56 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ташкил карда шуда, қарорҳои дахлдор оиди ба роҳ мондани фаъолияти онҳо ба тасвиб расидаанд.
Дар баробари ин, шаҳри Леваканд, ноҳияҳои Вахш ва Ҳамадонии вилояти Хатлон, шаҳри Гулистон ва ноҳияи Ашти вилояти Суғд, ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод то ҳол иҷрои супориши зикршударо таъмин накардаанд.
Аз ин лиҳоз, бо мақсади ҳарчи зудтар амалӣ намудани принсипи равзанаи ягона муовини Раиси Кумита (Раҳматуллозода Ш.И.), Раёсати шаҳрсозӣ (Искандаров Ф.С.), директори Муассисаи давлатии “Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ” (Сафарзода А.) вазифадор карда мешаванд, ки якҷо бо мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳру ноҳияҳои дар боло зикршуда ҷиҳати то охири моҳи ноябри соли ҷорӣ кушодани утоқи кории "Равзанаи ягона дар соҳаи шаҳрсозӣ" ва ба роҳ мондани механизми фаъолияти онҳо тибқи Дастурамал дар бораи утоқи кории "Равзанаи ягона дар соҳаи шаҳрсозӣ" чораҳои зарурӣ андешанд.

Бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” муовини Раиси Кумита (Раҳматуллозода Ш.И.), сардори Раёсати шаҳрсозӣ (Искандаров Ф.С.), директори Муассисаи давлатии “Равзанаи ягона” (Сафарзода А.), директори КВД “Лоиҳакаш” (Шарифзода Д.Ш.) ва роҳбарони пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ вазифадор карда мешаванд, ки бо дархости мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорон ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ барои саривақт ройгон пешниҳод намудани нусхаи лоиҳаҳои иншооти хизматрасонӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Сатҳу сифати корҳои сохтмониву лоиҳакаширо беҳтар менамоем Кумита ҷиҳати иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи хизмати давлатӣ” бо фармоишҳои Раиси Кумита комиссияҳои дахлдор таъсис дода шудааст, ки татбиқи амалӣ ва риояи ҳатмии талаботи қонунҳои мазкурро дар дастгоҳи марказӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита таъмин менамоянд.

Кормандони соҳаи сохтмон ва меъморӣ дар ин давра, новобаста аз камбудиҳои ҷойдошта бештар фаъолият карда бошанд ҳам, вале ҳоло ҳам камбудиҳо ҷой доранд ва мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки онҳо ислоҳи худро ёбанд.

Дар анҷоми ммаърӯзаи худ Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. аз номи ҳамаи иштирокдорони ҷаласа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пеш аз ҳама Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бовар кунонид, ки мо - кормандони соҳаи сохтмону меъморӣ барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати корҳои сохтмониву лоиҳакашӣ, вусъат бахшидан ба фаъолияти биносозӣ ва ободу зебо гардонидани Ватани азизамон дастуру супоришҳои Сарвари давлатамонро сармашқи кори худ қарор дода, ба комёбиҳои боз ҳам бештар ноил мегардем.

Хабарнигори "Рӯзномаи бинокорон"







Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво