6 октябр 2024, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Қарор аз 12 июли соли 2018 №126 ш. Душанбе

935
Қ А Р О Р
аз 12 июли соли 2018 №126 ш. Душанбе

Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти кори раёсату шуъбаҳо,
воҳидҳои сохтории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2018 ва вазифаҳо барои семоҳаи сеюми соли 2018


Ҳайати мушовара натиҷаи фаъолияти кори раёсату шуъбаҳо, воҳидҳои сохтории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳоро дар нимсолаи якуми соли 2018 муҳокима намуда, қайд менамояд, ки дар давраи ҳисоботӣ оид ба иҷрои супоришҳое, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд, корҳои мушаххас ба анҷом расонида шуданд.

Бо назардошти корҳои иҷрошуда мутобиқи Нақшаи кории Кумита дар соли 2018 ва таклифу пешниҳодҳо ҳайати мушовара,

ҚАРОР МЕКУНАД
:
1. Ҳисоботи раёсату шуъбаҳо, воҳидҳои сохтории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ба инобат гирифта шаванд.
2. Сардорони раёсату шуъбаҳо, воҳидҳои сохтории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо баҳри амалӣ намудани вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, тадбирҳои зарурӣ андешанд.
- оид ба таъмини иҷрои саривақтии супоришҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чораҷӯӣ намуда, аз натиҷаи корҳои баанҷомрасонидашуда то охири моҳи сентябри соли ҷорӣ гузориши муфассал пешниҳод намоянд.
3. Муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Раҳматуллозода Ш.И.), сардори Раёсати шаҳрсозӣ (Искандаров Ф.С.), директори Муассисаи давлатии “Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ” (Сафарзода А.А.) вазифадор карда шаванд:
- дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва пажӯҳишгоҳи лоиҳакашӣ маълумотҳои заруриро оид ба таҳия, тасдиқи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ ва амалигардонии он бо мақсади пешбурди кадастри давлатии шаҳрсозӣ ва мониторинг ҷамъ оварда, ҳамзамон дар ин самт бо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд;
- барои пурра пайваст намудани мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба шабакаи ягонаи электронии VPN канал чораҳои таъхирнопазир андешанд.
- бо истифода аз таҷрибаҳои давлатҳои пешрафта (Ҷумҳурии Белорус ва Ҷумҳурии Қазоқистон) дар масъалаи додани иҷозати дахлдор барои пешбурди корҳои сохтмонӣ, лоиҳакашӣ, мувофиқасозӣ ва додани иҷозат барои оғози корҳои сохтмонӣ, оиди амалигардонии равзанаи ягона дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо чораҳои зарурӣ андешанд.
4. Раёсати шаҳрсозӣ (Искандаров Ф.С.), Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ (Табарзода Р.Ҳ.) риоя ва татбиқи нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳо ва маҳалҳои аҳолинишинро тибқи ҷадвали тасдиқшуда ба роҳ монда, аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ахборот пешниҳод намоянд.
5. Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ (Табарзода Р.Ҳ.) вазифадор карда шавад:
- ҷараёни иҷрои корҳои сохтмониро дар сохтмони бино ва иншоотҳои ҷумҳурӣ зери назорати доимӣ қарор дода, оиди қатъиян манъ кардани сохтмони иншоотҳое, ки бе хулосаи экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ, аз рӯи варақа ё лоиҳаҳои нопурра сохта мешаванд, чораҳои таъхирнопазир андешад;
- оид ба баланд бардоштани сифати корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои сохташавандаи ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешад;
- риояи ҳатмии талаботи меъёру қоидаҳои шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон МҚШ 35-01-2012 “Дастрасии бино ва иншоот ба гурӯҳҳои камҳаракати аҳолӣ” зимни сохтмони бинову иншоотҳо дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зери назорати қатъӣ қарор диҳад.
- иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015, №429 “Дар бораи Тартиби кори комиссияҳои давлатии қабул, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои онҳо” бо назардошти тағйиротҳои банди 24, ки аз қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2016, №153 бармеояд, таҳти назорати доимӣ гирифта, дар кори комиссияҳои давлатӣ талаботи онро иҷро намояд;
- назорати сифати корҳои сохтмону васлгариро дар иншооти НБО “Роғун” пурзӯр намуда, оид ба ислоҳи камбудиҳои ошкоргардида чораҳои зарурӣ андешад. Иҷрои амрномаҳои додашударо зери назорат қарор дода, аз натиҷаи он мунтазам ба Кумита ахборот пешниҳод намояд;
- оид ба рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ дар объектҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва стратегидошта ҳар моҳ ба Кумита ахборот пешниҳод намояд;
- якҷо бо КВД “Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии “Сохтмон ва меъморӣ” оид ба назорат ва санҷиши сифати корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои шаҳри Душанбе чораҳои мушаххас андешида, охири ҳар моҳ маълумот пешниҳод намоянд.
6. Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ (Файзуллозода Н.Қ.) вазифадор карда шавад:
- фаъолияти худро дар таъмини риояи шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ аз ҷониби иҷозатномагирандагон беҳтар намуда, оид ба саривақт тамдид намудани амали иҷозатномаҳои муҳлаташон ба охир расида чораҳои зарурӣ андешад;
- тибқи талаботи қонунгузорӣ нисбати ташкилотҳои лоиҳакашӣ, ки лоиҳаҳои онҳо ба талабот ҷавобгӯй набуда, беасос арзиши корҳоро ҳангоми таҳияи харҷномаҳо зиёд менамоянд, чораҷӯӣ намояд;
- омӯзиши фаъолияти корхонаҳои лоиҳакашӣ ва сохтмониро бо таъсиси базаи ягона дар қаламрави ҷумҳурӣ ба роҳ монда, оид ба ҳаҷми корҳои аз ҷониби онҳо анҷомдодашуда охири сол ахбороти муфассал пешниҳод намояд.
7. Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ (Саъдуллозода С.Ф.), Корхонаи воҳиди давлатии “Ташхисгар” (Нурзода Р.Н.) вазифадор карда шаванд:
- риояи талаботи меъёру қоидаҳои шаҳрсозиро таъмин намуда, ба сифати лоиҳаҳо, махсусан харҷномаҳои онҳо, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ сохта мешаванд, чораҳои таъхирнопазир андешанд;
- ҷиҳати иҷрои супориши банди 18 Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 2018, №7 бо мақсади тақвияти фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатӣ тибқи Нақшаи чорабиниҳо то охири соли равон тадбирҳои зарурӣ андешанд;
- оид ба ҳалли фаврии масъалаҳои сохтмони иншооти НБО “Роғун” чораҷӯӣ намуда, лоиҳаҳои кории пешниҳодшавандаро саривақт баррасӣ карда, хулоса пешниҳод намоянд;
- қабули лоиҳаҳои сохтмони иншоотро бо назардошти технологияҳои каммасрафи барқӣ ва пайвастшавӣ бо хатҳои муттамаркази гармитаъминкунӣ ба роҳ монанд;
- барои иҷрои супориши протоколи машварати корӣ аз 12 июли соли 2016 оид ба масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои лоиҳакашӣ ва ташхиси лоиҳаҳо чораҳои мушаххас андешиданд.
8. Муовини Раиси Кумита (Мирзозода Н.Ю.), Раёсати саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикӣ (Назаров А.С.), Комиссияи доимамалкунандаи Кумита оид ба ҳалли фаврии масъалаҳои техникии НБО “Роғун” ҷиҳати иҷрои супоришҳои Шӯрои нозирон, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сохтмон ва ба истифода супоридани иқтидорҳои НБО “Роғун”, Нақшаи тақвимии бакорандозии иқтидорҳои аввали нерӯгоҳ, ҳал намудани масъалаҳои бамеъёрдарории техникию нархгузорӣ ва дигар масъалаҳо, ки барои ба истифода додани агрегати навбати аввал мусоидат менамоянд, чораҳои зарурӣ андешанд.
9. Фармоишгарон ва ташкилотҳои пудратӣ новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ иҷрои корҳои сохтмониро бо сифати баланд, бо истифода аз технологияҳои муосир ва дар муҳлатҳои пешбинишуда бо риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ амалӣ намоянд.
10. Роҳбарони ташкилотҳои лоиҳакашии системаи Кумита (Ишанов Б.М., Мализода Б.Ҳ., Худойдодов Н.Х., Умаров У.Х., Шарифзода Д.Ш.) ва дигар ташкилоту корхонаҳои лоиҳакашӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ:
- барои баланд бардоштани сифати корҳои лоиҳакашӣ бо истифодаи таҷрибаи пешқадам, технологияҳои инноватсионӣ, унсурҳои меъмории миллӣ ва таҷрибаи меъмории муосир чораҷӯӣ намоянд;
- ҷиҳати бо сифати баланд ба анҷом расонидани таҳияи нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дар асоси нақшаҳои генералии тасдиқшуда таҳия намудани нақшаҳои муфассали банақшагирии маркази шаҳру ноҳияҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд;
- таҳияи лоиҳаҳои инфрасохтори сайёҳии ба талаботи муосир ҷавобгуро пешниҳод намоянд;
- дар якҷоягӣ бо роҳбарони мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мақсади дар сатҳи баланд ба анҷом расонидани корҳои созандагиву ободонӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои замонавии иншоотҳои иҷтимоӣ-маданиро таҳия намуда, ба фармоишгарону соҳибкорон пешниҳод намоянд.
- барои ба кор ҷалб намудани мутахассисони болаёқат, баланд бардоштани малака ва савияи дониши кормандон, такмили ихтисос ва бозомӯзии онҳо чораҳои мушаххас андешанд.
11. Раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмон (Ниёззода А.) ва Корхонаи воҳиди давлатии Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии “Сохтмон ва меъморӣ” (Умаров У.Х.) корҳои тадқиқотиро дар самти энергиясамаранокии биноҳо идома дода, лоиҳаҳои намунавии энергиясамараноки биноҳои маъмурӣ ва мактабҳои таҳсилоти умумиро омода намуда, ба Кумита пешниҳод намояд;
- ворид намудани тағйиру иловаҳо ба меъёру қоидаҳои шаҳрсозии амалкунанда то охири моҳи сентябри соли ҷорӣ ба анҷом расонанд;
- маҷмӯаи нархҳои базавии корҳои лоиҳакаширо бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа намуда, дар давоми семоҳаи сеюми соли ҷорӣ мавриди амал қарор диҳанд.
12. Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон” (Каримзода А.Р.) барои ба таври объективӣ муайян намудани арзиши корҳо ва нархи масолеҳ чораҳои иловагӣ роҳандозӣ намуда, бо мақсади дастгирии корхонаю ташкилотҳои ватанӣ барои ба Ахборотномаи ҳарсемоҳаи нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон ворид намудани маводҳои истеҳсоли ватанӣ бо корхонаю ташкилотҳои дахлдор ҳамкорӣ намояд;
- барои ворид намудани тағйиру иловаҳо дар системаи амалкунандаи нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон бо назардошти таҷрибаи муосир ва иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2017, №324 «Дар бораи Қоидаҳои нархгузории корҳои сохтмонӣ» чораҷӯӣ намояд.
13. Корхонаҳои фаръии Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш” (Шарифзода Д.Ш.) вазифадор карда шаванд, ки барои бо сифати баланд таҳия намудани лоиҳаҳои тарҳу нақшаҳои рушди инфрасохторҳои муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоӣ, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳру ноҳияҳо чораҳои зарурӣ андешанд.
14. Роҳбарони мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазифадор карда шаванд:
- баҳри марҳила ба марҳила татбиқи нақшаҳои генералӣ, нақшаҳои муфассали банақшагирӣ ва лоиҳаҳои банақшагирии ноҳиявӣ чораҳои зарурӣ андешида, амалигардонии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозиро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд;
- ҳангоми баррасии масъалаҳо вобаста ба интихоб ва додани қитъаҳои замин барои сохтмони иншоотҳои таъиноти гуногун хулосабарориро танҳо дар асоси талаботи нақшаи генералӣ, нақшаҳои муфассали банақшагирӣ ва лоиҳаҳои банақшагирии ноҳиявӣ бо назардошти риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ ба роҳ монда, талаботи хулосаҳои дахлдори сохторҳои марбутаи шаҳру ноҳияро ба инобат гиранд;
- ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018, №336 «Дар бораи сохтмони биноҳои на кам аз панҷошёнаи истиқоматӣ дар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадбирҳои зарурӣ андешида, бо мақсади таъмини марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо бо инфрасохтор ва иншооти муҳандисӣ ва рушди минбаъдаи онҳо, таҳияи нақшаҳои муфассали банақшагирии маҳал мавзеҳои лоиҳавиро дар якҷоягӣ бо сохтори дахлдори шаҳру ноҳия дақиқ омухта, маълумоти дахлдорро оид ба ҳолати шабакаҳои обу корезӣ ба Кумита пешниҳод намоянд;
- бо мақсади дар сатҳи баланд ба анҷом расонидани корҳои созандагиву ободонӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар қаламрави шаҳру ноҳия ҳамаҷониба чораҳои зарурӣ андешида, дар баррасии масъалаҳо вобаста ба ҷойгиронии бинову иншоотҳо, интихоб ва додани қитъаи замин ба кашолкорӣ роҳ надода, аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда дар ин самт охири ҳар семоҳа ба Кумита маълумоти дахлдор пешниҳод намоянд;
- якҷо бо Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ вобаста ба назорати сохтмони биноҳо ва иншоотҳои сохташаванда ва роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳо дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ фаъолияти худро пурзӯр намоянд;
- барои дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил намудани ҳуҷраи "Равзанаи ягона дар соҳаи шаҳрсозӣ" ва баррасии якҷояи муроҷиатҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон аз тарафи сармеъмори шаҳру ноҳияҳо бо иштироки сохторҳои дахлдори минтақавӣ, ки ба тартиби анҷом додани расмиёти маъмурӣ вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ ҷалб гардидаанд, тадбирҳои зарурӣ андешанд;
- оид ба додани иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ дар давоми се рӯзи корӣ аз рӯзи гирифтани ариза, тибқи талаботи қисми 6 моддаи 66 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ ва Муассисаи давлатии “Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ” маълумотнома пешниҳод намоянд;
- сармеъморони шаҳру ноҳияҳое, ки тасҳеҳи нақшаи генералиашон пурра ба анҷом расидааст, барои то охири семоҳаи сеюми соли 2018 ҷиҳати бо вазорату идораҳои дахлдор ба мувофиқа расонидан ва пешниҳоди онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешанд.
15. Муовини якуми Раиси Кумита (Абдуалимзода А.), муовини Раиси Кумита (Раҳматуллозода Ш.И.), сардори Раёсати шаҳрсозӣ (Искандаров Ф.С.) ва директори Корхонаи воҳиди давлатии Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии “Сохтмон ва меъморӣ” (Умаров У.Х.) барои омода намудани меъморон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, инчунин ба курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос ҷалб намудани онҳо чораҳои зарурӣ андешанд.
16. Муовини якуми Раиси Кумита (Абдуалимзода А.), муовини Раиси Кумита (Раҳматуллозода Ш.И.), сардори Раёсати шаҳрсозӣ (Искандаров Ф.С.) ва сардори Шуъбаи ҳуқуқ (Нурализода Ш.Ш.) ҷиҳати таҳти риояи қатъӣ қарор додани талаботи қонунгузории соҳаи шаҳрсозӣ ва мукаммал намудани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
17. Сардорони раёсату шуъбаҳо, бахшҳо, роҳбарони корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита, роҳбарони мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо:
- бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2018, №АП-992 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва фармоиши Раиси Кумита аз 6 феврали соли 2018, №12/ф Нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ҷиҳати ба роҳ мондани сохтмони иншоот ва маҷмааи инфрасохтори сайёҳӣ дар мавзеҳои дахлдор чораҳои зарурӣ андешанд;
- ҳисоботҳои ҷамъбасти фаъолияти ҳар семоҳаро пурра ва мукаммал, бо таҳлили нишондодҳои иқтисодиву молиявӣ, дарҷи камбудӣ ва пешравиҳои ҷойдошта пешниҳод намоянд.
18. Муовини Раиси Кумита (Раҳматуллозода Ш.И.), Раёсати шаҳрсозӣ (Искандаров Ф.С.), Раёсати корҳо (Наврӯзов Л.А.) барои густариш додани ҳамкорӣ бо дигар давлатҳо баҳри барпо намудани муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон тадбирҳои зарурӣ андешанд.
19. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якум ва муовинони Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи салоҳияташон вогузор карда шавад.

Раиси ҳайати мушовара Ҷамшед Аҳмадзода

- Қарор аз 12 июли соли 2018 №126 ш. Душанбе.doc [139,5 Kb] (cкачиваний: 11)
- Қарор аз 12 июли соли 2018 №126 ш. Душанбе.pdf [186,03 Kb] (cкачиваний: 8)




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво