Оид ба рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои сохташаванда бахшида ба ҷашни 25-солагии
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ
Бо дарназардошти корҳои иҷрошуда ва таклифу пешниҳодҳо ҳайати мушовараи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
қарор мекунад:
1. Гузориши сардори Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ Таваров Р.Ҳ. оид ба рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои сохташаванда бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба инобат гирифта шавад.
2. Мудирони шӯъба ва бахшҳои меъморӣ ва шаҳрсозии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо:
- дар асоси талаботи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи генералӣ ва лоиҳаҳои бинову иншоотҳои сохташаванда ободонии кӯчаву хиёбонҳоро дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои маҳаллӣ ва идораҳои дахлдор тибқи нақшаи чорабиниҳои омодашуда амалӣ намоянд;
- нисбати ободонии гулгашту хиёбонҳо, кӯчаву роҳҳо дар асоси шаҳодатномаи рангуборкунии намои бинову иншоотҳо, шаклҳои хурди меъморӣ, овезаҳои тарғиботию ташвиқотиро дар мувофиқа бо мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ намоянд;
- бо мақсади дар сатҳи баланд ва босифат ба анҷом расонидани сохтмони бинову иншоотҳо ҳамкориро бо мутахассисони Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ пурзӯр намоянд;
3. Роҳбарони ташкилотҳои системаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармеъморони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ташкилоту корхонаҳои сохтмонӣ, лоиҳакашӣ ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти бинокории ҷумҳурӣ сарфи назар аз шакли моликият, вазифадор карда шаванд:
3.1. Ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои дахлдор, ки аз Нақшаи чорабиниҳои таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, чораҳои дахлдор андешанд.
4. Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ ҷараёни иҷрои корҳои сохтмониро дар сохтмони иншоотҳои ҷумҳурӣ зери назорати доимӣ қарор дода, сохтмони иншоотҳои аз рӯи лоиҳаи нопурра, бе хулосаи ташхисӣ ва иҷозатнома ҷараён доштаро манъ карда, бо сифати баланд иҷро гаштани корҳои сохтмонӣ ва амалӣ намудани нақшаҳои генералиро дар асоси риояи бечунучарои меъёрҳо ва қоидаҳои сохтмонӣ вазифаи аввалиндараҷаи худ шуморад.
4.1. Ҷараёни иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои сохташаванда бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назорати ҳамарӯза қарор дода шавад. Аз натиҷаааш ҳар моҳ ахбороти муфассал пешниҳод карда шавад.
5. Гурӯҳҳои корӣ бо роҳбарии муовини якуми Раиси Кумита Саидзода Н.Ғ. ва муовини Раиси Кумита Мирзозода Н.Ю. дар ҳайати мутахассисони Раёсати шаҳрсозӣ ва Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ таъсис дода шуда, ҳар моҳ аз шаҳру ноҳияҳо дидан намуда, оид ба рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои сохташаванда бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намоянд.
6. Назорати иҷрои қарори мазкурро ба зиммаи худ мегирам.
Раиси ҳайати мушовара Ҷ.Аҳмадзода