24 июл 2019, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Бақонунвайронкуниҳо роҳ надиҳем!

84
Бақонунвайронкуниҳо роҳ надиҳем!
Дирӯз дар толори маҷлиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини раиси Кумита Мирзозода Низом Юсуфӣ ва бо иштироки муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 2 Назарзода Ҳотам Нарзулло ва сардори Раёсати назорати умумии Прокуратураи генералӣ, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Абдураҳмонзода Мизробшоҳ Сафаралӣ прокурори калони Раёсати назорати умумии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Тиллохони Ҳабибулло, инчунин роҳбарони корхонаву ташкилотҳои лоиҳакашӣ дар шаҳри Душанбе, роҳбарон ва кормандони масъули зерташкилоту муассисаҳо ва дастгоҳи марказии Кумита, роҳбарияти Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе, сармеъморони шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор, Рӯдакӣ, Варзоб ва директорони Корхонаҳои фаръии Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» дар шаҳру ноҳияҳои он оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти истифодаи самараноку оқилонаи замин, пешгирии сохтмонҳои худсарона ва ба қоидаҳои меъморию шаҳрсозӣ ҷавобгӯ набуда, вохӯрӣ баргузор гардид.
Бақонунвайронкуниҳо роҳ надиҳем!
Мирзозода Н.Ю. қайд намуд, ки дар баробари пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, соҳаи шаҳрсозӣ низ бемайлон рушд намуда истодааст. Кумита дар самти самараноку оқилона истифода бурдани қитъаҳои замин ва дар доираи талаботи Нақшаи генералии маркази шаҳру ноҳияҳо, нақшаҳои муфассали онҳо, нақшаҳои генералии маҳаллаҳои аҳолинишин ва ҳуҷҷатҳои шаҳрсозии мавҷуда, ба роҳ мондани фаъолияти шаҳрсозӣ, инчунин пешгирӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамарӯза чораҳои зарурӣ андешида истодааст. Новобаста аз пешравиҳои соҳа ҳоло ҳам камбудиҳо низ ҷой доранд ва ҷиҳати бартараф намудани он Кумита ҳамарӯза чораҷӯӣ намуда истодааст.
Муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 2 муҳтарам Назарзода Ҳотам Назрулло дар баромади худ ба як қатор камбудиҳо ва масъалаҳои баҳснок, ҳуқуқвайронкуниҳо оид ба сохтмонҳои худсаронаи баъзе аз сокинони ҷумҳурӣ муфассал истода гузашта, диққати меъморон ва лоиҳакашонро бар он ҷалб намуд, ки онҳо дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор минбаъд ба чунин қонунвайронкуниҳо роҳ надиҳанд.
Сардори Раёсати шаҳрсозии дастгоҳи марказии Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Искандаров Файзулло дар мавриди масъалаи дар муҳокима қарор дошта, чунин ибрози назар кард:
Бақонунвайронкуниҳо роҳ надиҳем!

Кумита дар асоси Нақшаи корӣ барои соли 2019 бо мақсади ба танзим даровардани раванди корҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ санаи 27 феврали соли 2019 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ва санаи 14 марти соли 2019 дар шаҳри Душанбе семинар-машварат дар мавзӯи “Баррасии саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои интихобу додани қитъаи замин, лоиҳакашӣ, мувофиқа ва додани иҷозати сохтмон” бо иштироки муовинони соҳавии раисони вилояти Хатлон, шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Леваканд, Ҳисор, Ваҳдат, Турсунзода ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав, Варзоб, Кушониён, Хуросон, Вахш, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Ёвон, роҳбарони мақомоти маҳалии меъморӣ ва шаҳрсозӣ, кумитаи идораи замин, ташкилотҳои минтақавии лоиҳакашӣ, намояндагони сохторҳои минтақавии муҳандисии шаҳру ноҳияҳои зикршуда, роҳбарону кормандони масъули ташкилоту муассисаҳо баргузор намуд.
Дар ҷамъбасти семинар-машваратҳои гузаронидашуда барои ислоҳ, пешгирии қонунвайронкуниҳо ва минбаъд роҳ надодан ба камбудиҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, ба мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои зикршуда, фармоишгарон, ташкилотҳои пудратӣ ва лоиҳакашӣ ирсол карда шуда, иҷроиши он таҳти назорат қарор дорад.
Бақонунвайронкуниҳо роҳ надиҳем!
Дар ин давра тибқи Нақшаи корӣ мутахассисони Кумита ҷиҳати ба роҳ мондани назорати ҳолати риоя ва татбиқи амалӣ намудани нақшаҳои генералӣ ба шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав, Леваканд, Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш, Дӯстӣ, Панҷ ва Хуросон сафарбар карда шуданд. Натиҷаи санҷиш нишон дод, ки аз ҷониби масъулини мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав, Леваканд, Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш, Дӯстӣ, Панҷ ва Хуросон то имрӯз баррасии муроҷиатҳо оид ба додани қитъаи замин барои сохтмони бинову иншоотҳо аз рӯи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ дуруст ба роҳ монда нашуда, камбудиҳо дар самти назорати сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ, риояи кодекси шаҳрсозӣ ва замин, меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, ҷой доранд. Аз натиҷаи боздиди гурӯҳҳои корӣ барои дар доираи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозии тасдиқшуда ба роҳ мондани фаъолияти шаҳрсозӣ ва ба танзим даровардани маркази шаҳру ноҳияҳо, ободонии ҳудуд, ҳалли маҷмуавии бунёди иншоотҳо ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба унвонии мақомотҳои зикршуда мактуби расмӣ ирсол карда шуд ва раванди иҷроиши он зери назорат қарор дорад.
Бақонунвайронкуниҳо роҳ надиҳем!
Дар ин давра, Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонии Кумита тибқи нақшаи корӣ ва дастуру супоришҳои Кумита назорати сифати корҳои сохтмонӣ ва риояи талаботи меъёру қоидаҳои шаҳрсозиро ба роҳ монда, сохтмони 618 иншоотро таҳти назорати давлатӣ қарор доданд. Дар 618 иншоот 761 санҷиш гузаронида, ба масъулини сохтмонҳо 321 амрнома дода шуда, ба 115 шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва шахсони мансабдор барои роҳ додан ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 188210,0 сомонӣ ҷарима таъин карда, аз он 99865,0 сомонӣ ба буҷа ворид гардидааст.

Бақонунвайронкуниҳо роҳ надиҳем!
Дар семоҳаи якуми соли 2019 сохтмони 12 иншооти бе хулосаи мусбии экспертизаи давлатӣ, 3 иншооти бе лоиҳаи корӣ ва 2 иншооти бе қарори Раисони ноҳия оғоз гардида муваққатан манъ карда шуда, ба шахсони ба қонунвайронкунӣ роҳ дода ба маблағи 31175,0 сомонӣ ҷарима таъин карда шуд.
Аз тарафи Комиссия оид ба таъмини назорати давлатии шаҳрсозӣ ва санҷиши биною иншоотҳое, ки сохтмони онҳо бе таҳия ва мувофиқасозии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, хулосаи мусбии экспертизаи давлатӣ, иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ оғоз гардидаанд, нисбати фармоишгарон ва пудратчиёне, ки камбудиҳои ошкоргардидаро саривақт бартараф накарданд, гузориши муфассал омода гардида, ба унвони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва фармоишгарон барои чораҷӯӣ ва ислоҳи камбудиҳо ирсол карда шуд.
Новобаста аз чораҳои андешидашуда ҳолатҳои бе лоиҳаи корӣ, бе хулосаи ташхисӣ, бе қарори раисони шаҳру ноҳияҳо ва бе иҷозат сохтани бинову иншоотҳо то ҳол вуҷуд доранд.
Ф.Искандаров ҳамчунин қайд намуд, ки корҳои сохтмонию ободонӣ дар иншоотҳое, ки ба истифода додани онҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба муносибати ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудаанд зери назорати мутахассисони Кумита қарор дошта, дар асоси санҷишҳои дар ин самт гузаронидашуда дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар вилояти Хатлон, дар вилояти Суғд ва дар шаҳри Душанбе маълумоти муфассалро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.
Дар ҷаласа ҳамчунин муовини сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе Аловиддинов Шодимурод, сардори Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмон Табарзода Раҳматулло суханронӣ намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ Мирзозода Н.Ю. ба меҳмонон барои сӯҳбат ва таклифу пешниҳодҳои онҳо миннатдорӣ баён намуда, саҳми Прокуратураи генералӣ дар пешгирии сохтмонҳои худсарона сохташаванда ва бартарафсозии дигар камбудиҳои ҷойдошта назаррас арзёбӣ намуда, бо итминони комил изҳор намуд, ки Кумита омодааст дар ин самт ҳамкории худро бо Прокуратураи генералӣ боз ҳам вусъат бахшад.
Д.Нурзода,
Мухбири “РБ”







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво