Ҳайати мушовара натиҷаи фаъолияти кори раёсату шуъбаҳо, воҳидҳои сохтории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳоро дар семоҳаи якуми соли 2018 муҳокима намуда, қайд менамояд, ки дар давраи ҳисоботӣ оид ба иҷрои супоришҳое, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд, корҳои мушаххас ба анҷом расонида шуданд.
Бо назардошти корҳои иҷрошуда мутобиқи Нақшаи кории Кумита дар соли 2018 ва таклифу пешниҳодҳо ҳайати мушовараи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Қ А Р О Р М Е К У Н А Д:
1. Ҳисоботи раёсату шуъбаҳо, воҳидҳои сохтории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ба инобат гирифта шаванд.
2. Сардорони раёсату шуъбаҳо, воҳидҳои сохтории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо баҳри амалӣ намудани вазифаҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати
дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” зикр гардидаанд, тадбирҳои зарурӣ андешанд.
- ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини иҷрои саривақтии супоришҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумита тадбирҳои зарурӣ андешида, аз натиҷаи корҳои баанҷомрасонидашуда охири ҳар моҳ гузориш пешниҳод карда шавад.
3. Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ (Табарзода Р.Ҳ.) ҷараёни иҷрои корҳои сохтмониро дар сохтмони бино ва иншоотҳо зери назорати доимӣ қарор дода, оиди қатъиян манъ кардани сохтмони иншоотҳое, ки бе хулосаи экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ, аз рӯи варақа ё лоиҳаҳои нопурра сохта мешаванд, чораҳои таъхирнопазир андешида шавад:
- оид ба баланд бардоштани сифати корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои сохташавандаи ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шавад;
- риояи ҳатмии талаботи меъёру қоидаҳои шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон МҚШ 35-01-2012 “Дастрасии бино ва иншоот ба гурӯҳҳои камҳаракати аҳолӣ” зимни сохтмони бинову иншоотҳо дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зери назорати қатъӣ қарор дода шавад.
- иҷрои талаботи Тартиби кори комиссияҳои давлатии қабул, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои онҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, таъмин намуда, дар кори комиссияҳои давлатии қабул риояи ҳатмии муқаррароти тартиби мазкур дар ҳамкорӣ бо роҳбарони мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ амалӣ карда шавад;
- назорати сифати иҷрои корҳои сохтмону васлгариро дар иншооти НБО “Роғун” пурзӯр намуда, барои ислоҳи камбудиҳои ошкоргардида чораҳои зарурӣ андешад. Иҷрои амрномаҳои додашударо зери назорати қатъӣ қарор дода, аз натиҷаи иҷрои корҳо ҳар моҳ ба Кумита ахборот пешниҳод карда шавад;
- оид ба рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ дар объектҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва стратегидошта ҳар моҳ ба Кумита ахборот манзур карда шавад;
- якҷоя бо КВД “Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии “Сохтмон ва меъморӣ” оид ба назорат ва санҷиши сифати корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои шаҳри Душанбе чораҳои мушаххас андешида, охири ҳар моҳ маълумот пешниҳод карда шавад.
4. Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ (Файзуллозода Н.Қ.) вазифадор карда шавад:
- фаъолияти худро дар таъмини риояи шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ аз ҷониби иҷозатномагирандагон беҳтар намуда, оид ба саривақт тамдид намудани амали иҷозатномаҳои муҳлаташон ба охир расида чораҳои зарурӣ андешида шавад;
- тибқи талаботи қонунгузорӣ нисбати ташкилотҳои лоиҳакашӣ, ки лоиҳаҳои онҳо ба талабот ҷавобгӯй набуда, беасос арзиши корҳоро ҳангоми таҳияи харҷномаҳо зиёд менамоянд, якҷо бо Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ чораҷӯӣ карда шавад;
- омӯзиши фаъолияти корхонаҳои лоиҳакашӣ ва сохтмониро бо таъсиси базаи ягона дар қаламрави ҷумҳурӣ ба роҳ монда, оид ба ҳаҷми корҳои аз ҷониби онҳо анҷомдодашуда дар охири сол ахбороти муфассал манзур карда шавад.
5. Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ (Саъдуллозода С.Ф.), Корхонаи воҳиди давлатии “Ташхисгар” (Нурзода Р.Н.) вазифадор карда шаванд, ки риояи талаботи меъёру қоидаҳои шаҳрсозиро таъмин намуда, ба сифати лоиҳаҳо, махсусан харҷномаҳои онҳо, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ сохта мешаванд, чораҳои таъхирнопазир андешида шавад;
- оиди ҳалли фаврии масъалаҳои сохтмони иншооти НБО “Роғун” чораҷӯӣ намуда, лоиҳаҳои кории пешниҳодшавандаро саривақт баррасӣ карда, хулоса пешниҳод карда шавад;
- қабули лоиҳаҳои сохтмони иншоотро бо назардошти технологияҳои каммасрафи барқӣ ва пайвастшавӣ бо хатҳои муттамаркази гармитаъминкунӣ ба роҳ монда шавад;
- барои иҷрои супориши протоколи машварати корӣ аз 12 июли соли 2016 оид ба масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои лоиҳакашӣ ва ташхиси лоиҳаҳо чораҳои мушаххас андешида шавад.
6. Муовини Раиси Кумита (Мирзозода Н.Ю.), Раёсати саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикӣ (Назаров А.С.), Комиссияи доимамалкунандаи Кумита оид ба ҳалли фаврии масъалаҳои техникии НБО “Роғун” ҷиҳати иҷрои супоришҳои Шӯрои нозирон, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сохтмон ва ба истифода супоридани иқтидорҳои НБО “Роғун”, Нақшаи тақвимии бакорандозии иқтидорҳои аввали нерӯгоҳ, ҳал намудани масъалаҳои бамеъёрдарории техникию нархгузорӣ ва дигар масъалаҳо, ки барои ба истифода додани агрегати навбати аввал мусоидат менамоянд, чораҳои зарурӣ андешанд.
7. Фармоишгарон ва ташкилотҳои пудратӣ новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ иҷрои корҳои сохтмониро бо сифати баланд, бо истифода аз технологияҳои муосир ва дар муҳлатҳои пешбинишуда бо риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ амалӣ намоянд.
8. Раёсати шаҳрсозӣ (Искандаров Ф.С.), Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ (Табарзода Р.Ҳ.) риоя ва татбиқи нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳо ва маҳалҳои аҳолинишинро тибқи ҷадвали тасдиқшуда ба роҳ монда, аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ахбороти муфассал манзур карда шавад.
9. Роҳбарони ташкилотҳои лоиҳакашии системаи Кумита (Ишанов Б.М., Мализода Б.Ҳ., Худойдодов Н.Х.,Умаров У.Х.,
Шарифзода Д.Ш.) ва дигар ташкилоту корхонаҳои лоиҳакашӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ:
- барои баланд бардоштани сифати корҳои лоиҳакашӣ бо истифодаи таҷрибаи пешқадам, технологияҳои инноватсионӣ, унсурҳои меъмории миллӣ ва таҷрибаи меъмории муосир чораҷӯӣ карда шавад;
- ҷиҳати бо сифати баланд ба анҷом расонидани таҳияи нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дар асоси нақшаҳои генералии тасдиқшуда таҳия намудани нақшаҳои муфассали банақшагирии маркази шаҳру ноҳияҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шавад;
- барои таҳияи лоиҳаҳои инфрасохтори сайёҳии ба талаботи муосир ҷавобгӯ чораҳои зарурӣ андешида шавад;
- истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ дар таҳияи лоиҳаҳои сохтмонӣ зери назорати қатъӣ қарор дода шавад;
- барои ба кор ҷалб намудани мутахассисони болаёқат, баланд бардоштани малака ва савияи дониши кормандон, такмили ихтисос ва бозомӯзии онҳо чораҳои мушаххас андешида шавад.
- дар ҳолати дар муддати шаш моҳ дар сатҳи зарурӣ иҷро накардани супоришҳои зикргардида масъалаи минбаъд дар вазифаи ишғолнамудаашон фаъолият кардани роҳбарони ташкилотҳои лоиҳакашии Кумита дида баромада мешавад.
10. Раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмон (Ниёззода А.) ва Корхонаи воҳиди давлатии Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии “Сохтмон ва меъморӣ” (Умаров У.Х.) тадқиқотро дар самти энергиясамаранокии биноҳо ба роҳ монда, лоиҳаҳои намунавии энергиясамараноки биноҳои маъмурӣ ва мактабҳои таҳсилоти умумиро омода намуда, ба Кумита пешниҳод намояд;
- ворид намудани тағйиру иловаҳо ба меъёру қоидаҳои шаҳрсозии амалкунанда то охири моҳи июни соли ҷорӣ ба анҷом расонида шавад;
- маҷмӯаи нархҳои базавии корҳои лоиҳакаширо бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа намуда, дар давоми семоҳаи дуюми соли ҷорӣ мавриди амал қарор дода шавад.
11. Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон” (Каримзода А.Р.) барои ба таври объективӣ муайян намудани арзиши корҳо ва нархи масолеҳ чораҳои иловагӣ роҳандозӣ намуда, бо мақсади дастгирии корхонаю ташкилотҳои ватанӣ барои ба Ахборотномаи ҳарсемоҳаи нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон ворид намудани маводҳои истеҳсоли ватанӣ бо корхонаю ташкилотҳои дахлдор ҳамкорӣ пурзӯр карда шавад; - барои ворид намудани тағйиру иловаҳо дар системаи амалкунандаи нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон бо назардошти таҷрибаи муосир ва иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2017, №324 «Дар бораи Қоидаҳои нархгузории корҳои сохтмонӣ» чораҷӯӣ карда шавад.
12. Корхонаҳои фаръии Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш” (Шарифзода Д.Ш.) вазифадор карда шаванд, ки барои бо сифати баланд
таҳия намудани лоиҳаҳои тарҳу нақшаҳои рушди инфрасохторҳои муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоӣ, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
13. Роҳбарони мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазифадор карда шаванд:
- татбиқи нақшаҳои генералӣ, нақшаҳои муфассали банақшагирӣ ва лоиҳаҳои банақшагирии ноҳиявиро дар асоси ҳуҷҷатҳои шаҳрсозии мавҷуда ба роҳ монда, амалигардонии онҳо таҳти назорати доимӣ қарор дода шавад;
- ҳангоми баррасии масъалаҳо вобаста ба интихоб ва додани қитъаҳои замин барои сохтмони иншоотҳои таъиноти гуногун хулосабарориро танҳо дар асоси талаботи нақшаи генералӣ, нақшаҳои муфассали банақшагирӣ ва лоиҳаҳои банақшагирии ноҳиявӣ бо назардошти риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ ба роҳ монда, хулосаҳои дахлдори сохторҳои марбутаи шаҳру ноҳия ба инобат гирифта шавад;
- якҷо бо Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ вобаста ба назорати сохтмони биноҳо ва иншоотҳои сохташаванда ва роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳо дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ фаъолияти худро пурзӯр намоянд;
- оид ба нишондодҳои соҳаи сохтмон ва меъморӣ дар шаҳру ноҳия ҳар семоҳа ахбороти муфассал ба Кумита пешниҳод карда шавад;
- маълумотнома оид ба додани иҷозат барои оғоз намудани иҷрои корҳои сохтмонӣ дар давоми се рӯзи корӣ аз рӯзи гирифтани ариза, тибқи талаботи қисми 6 моддаи 66 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ ва Муассисаи давлатии “Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ” мунтазам манзур карда шавад.
- сармеъморони шаҳру ноҳияҳое, ки тасҳеҳи нақшаи генералиашон пурра ба анҷом расидааст, барои то охири семоҳаи дуюми соли 2018 ҷиҳати бо вазорату идораҳои дахлдор ба мувофиқа расонидан ва пешниҳоди онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешанд.
14. Муовини якуми Раиси Кумита (Абдуалимзода А.), муовини Раиси Кумита (Раҳматуллозода Ш.И.) ва сардори Раёсати шаҳрсозӣ (Искандаров Ф.С.) барои омода намудани меъморон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, инчунин ба курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос ҷалб намудани онҳо чораҳои зарурӣ андешанд.
15. Муовини якуми Раиси Кумита (Абдуалимзода А.), муовини Раиси Кумита (Раҳматуллозода Ш.И.), сардори Раёсати шаҳрсозӣ (Искандаров Ф.С.) ва сардори Шуъбаи ҳуқуқ (Нурализода Ш.Ш.) ҷиҳати таҳти риояи қатъӣ қарор додани талаботи қонунгузории соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ ва мукаммал намудани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
16. Сардорони раёсату шуъбаҳо, бахшҳо, роҳбарони корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита, роҳбарони мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо:
- ҷиҳати бо сифати баланди меъморӣ бо назардошти инфрасохтори зарурӣ, ки ба талаботи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ мутобиқ аст, таҳия намудани лоиҳаҳои замонавии бино ва иншоотҳоро бо истифодаи маводҳои сохтмонии баландсифат бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҷараёни иҷрои корҳои сохтмонӣ пурзӯр намудани назорати техникӣ ва муаллифӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шавад;
- то охири моҳи майи соли ҷорӣ обунашавиро ба «Рӯзномаи бинокорон» ва маҷаллаи “Меъморӣ” тибқи Нақша-супориши обунашавӣ таъмин намуда, аз натиҷааш ахборот пешниҳод намоянд.
- ҳисоботҳои ҷамъбасти фаъолияти ҳар семоҳа пурра ва мукаммал, бо таҳлили нишондодҳои иқтисодиву молиявӣ, дарҷи камбудӣ ва пешравиҳои ҷойдошта пешниҳод карда шавад;
17. Муовини Раиси Кумита (Раҳматуллозода Ш.И.), Раёсати шаҳрсозӣ (Искандаров Ф.С.), Раёсати корҳо (Наврӯзов Л.А.) барои густариш додани ҳамкорӣ бо дигар давлатҳо баҳри барпо намудани муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон тадбирҳои зарурӣ андешанд.
18. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якум ва муовинони Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи салоҳияташон вогузор карда шавад.
Раиси ҳайати мушовара Ҷамшед Аҳмадзода