24 июл 2019, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Кумита фаъолияти худро дар нимсолаи якум натиҷагирӣ намуд

35
Кумита фаъолияти худро дар нимсолаи якум натиҷагирӣ намуд
Дирӯз ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти Кумита дар нимсолаи якуми соли 2019 баргузор гардид, ки дар он се масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт:
1.Ахбороти сардори Раёсати корҳо Наврӯзов Л.А. оид ба иҷрои қарори ҳайати мушовара аз 12 апрели соли 2019.
2. Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти раёсату шӯъбаҳо ва воҳидҳои сохтории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2019 ва вазифаҳо барои семоҳаи сеюми соли ҷорӣ.
3. Ҳисоботи мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Мастчоҳ Амонов Муқимҷон Абдураҳмонович оид ба ҳолати иҷрои корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ба ифтихори ҷашни 23-солагии Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар маҷлиси ҳайати мушовара сармутахассиси Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Раҳмоналӣ, намояндагони вазорату идораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, сармеъморони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, директорони корхонаҳои фаръии Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарон ва кормандони масъули зерташкилоту муассисаҳо ва дастгоҳи марказии Кумита иштирок намуданд.
Кумита фаъолияти худро дар нимсолаи якум натиҷагирӣ намуд
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол дар оғози суханронии худ ҳозиринро бо сармеъморони нв ба кор таъин гардида, шинос намуда онҳоро табрик нмуд.
Дар давоми семоҳаи дуюми соли равон сармеъморони 5 шаҳру ноҳия дар мувофиқа бо Кумита ба вазифа таъин гардиданд. Ин ҳам бошад: ноҳияи Кушониён - Тағойбеков Фаридун, ноҳияи Носири Хусрав – Туйчиев Эркин, шаҳри Роғун - Мирзоев Фаридун, шаҳри Гулистон – Ҳамдамов Шоҳромҷон ва ноҳияи Вахш – Тагаев Фарход.
Инчунин бо фармоишҳои Раиси Кумита директорони корхонаҳои фаръии Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш дар вилояти Суғд - Ҳикматов Абдураҳим, дар ноҳияи Темурмалик - Ҳайдаров Лутфулло, дар ноҳияи Деваштич - Сайдуллоев Ҷовид, дар ноҳияи Дустӣ - Одинаев Файзулло, дар ноҳияи Шаҳристон - Ҷонбойзода Дилноза, дар ноҳияи Ашт - Сидиқов Юсуфалӣ, дар шаҳри Гулистон - Қосимов Боҳирҷон, дар ноҳияи Рӯдакӣ - Абдуллоев Маҳмадносир, дар ноҳияи Мастчоҳ - Зокиров Фахруддинхоҷа, дар шаҳри Роғун - Сангинов Абдусаттор ба вазифа таъин гардиданд.
Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол дар маърӯзаи худ зикр намуд, ки бо талошҳои арзанда ва пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли мушкилоти глобалии сайёра дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе якчанд маротиба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалию минтақавӣ гардид.
Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё санаи 15 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Барои иштирок дар кори ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва намояндагони воломақоми кишварҳои иштирокчӣ, роҳбарони ташкилоту созмонҳои байналамилалӣ дар “Кохи Наврӯз” ба ҳам омаданд.
Дар ҳошияи кори ҳамоиш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор кишварҳои иштирокчӣ мулоқотҳо оид ба баррасии вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, баргузор намуданд.
Барои саҳмгузорӣ дар ободонии пойтахти азизамон миннатдории худро ба сармеъмори шаҳри Душанбе ва корхонаи фаръии КВД «Лоиҳакаш»-и шаҳри Душанбе расонид.
Санаи 27-уми июни соли равон мо ҷашни 22-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро бо шукру сипос аз фазои орому осудаи кишвар ва ҳамрайъии тамоми мардуми кишвар таҷлил намудем.
Кумита фаъолияти худро дар нимсолаи якум натиҷагирӣ намуд
Иди Ваҳдати миллӣ имсол дар ноҳияи Рашт дар сатҳи баланд таҷлил гардид. Маҳз асолати фарҳангдӯстӣ, хирадписандӣ ва ваҳдатгароиву сулҳпарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин азму иродаи матини халқи тоҷик ва пуштибонии ҳамаи мардум аз сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон буд, ки мо чунин иди саидро хурсанду осудаҳолона гузаронидем.
Чи тавре, ки ҳамаи шумо огоҳӣ доред, рӯзи 24-уми июни соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти ҳаётан муҳим, шиносоӣ бо шароити зиндагии сокинон ва иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 22-юмин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ ба ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Рашт ташриф оварда, як қатор бинову иншоотҳоро мавриди истифода қарор доданд.
Бо истифода аз фурсат барои гузоштани саҳми арзанда ҷиҳати бунёди иншоотҳо миннатдории худро ба лоиҳакашон, сармеъморони ноҳияҳои зикршуда, инчунин намояндаи Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ мерасонам.
Мо бояд раванди созандагиву бунёдкориро минбаъд низ ҳадафи асосиамон қарор дода, истифодабарии самараноки ҳамаи воситаву захираҳои мавҷударо барои идома додани корҳои созандагӣ, рушди устувори иқтисодӣ, ободии диёр ва таҳкими имкониятҳои воқеии кишварамон таъмин намоем.
Кумита дар нимсолаи якуми соли 2019 барои ноил шудан ба ҳалли масъалаҳои гузошташуда як қатор корҳоро ба анҷом расонид.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумита ин таъмин намудани шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассали тарҳрезии маҳал мебошад, ки ҳуҷҷатҳои мазкур фаъолияти шаҳрсозиро дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба танзим медарорад.
Айни замон, аз 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳияи нақшаҳои генералии 58 шаҳру ноҳияҳо пурра ба анҷом расида, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, мавриди амал қарор доранд.
Лоиҳаи Нақшаи генералии маркази ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Бустон бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа гардида, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.
Лоиҳаи Нақшаҳои генералии шаҳри Гулистон ва ноҳияи Шаҳритуз мавриди мувофиқа қарор доранд. Таҳияи лоиҳаи Нақшаҳои генералии ноҳияҳои Данғара ва Фархор идома доранд.
Кумита дар асоси Нақшаи корӣ барои соли 2019 бо мақсади ба танзим даровардани раванди корҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ санаи 27 феврали соли 2019 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, 14 марти соли 2019 дар шаҳри Душанбе, 5 апрели соли 2019 дар ноҳияи Нуробод, 25 апрели соли 2019 дар ноҳияи Шаҳритуз, 28 майи соли 2019 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, 13 июни соли 2019 дар шаҳри Истаравшан ва 14 июни соли 2019 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд семинар-машварат дар мавзӯи “Баррасии саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои интихобу додани қитъаи замин, лоиҳакашӣ, мувофиқа ва додани иҷозати сохтмон” бо иштироки муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд роҳбарони мақомотҳои маҳалии меъморӣ ва шаҳрсозӣ, кумитаи идораи замин, ташкилотҳои минтақавии лоиҳакашӣ, намояндагони сохторҳои минтақавии муҳандисии шаҳру ноҳияҳои зикршуда, роҳбарону кормандони масъули ташкилоту муассисаҳо баргузор намуд.
Кумита фаъолияти худро дар нимсолаи якум натиҷагирӣ намуд
Дар ин давра тибқи Нақшаи корӣ мутахассисони Кумита ҷиҳати ба роҳ мондани назорати ҳолати риоя ва татбиқи амалӣ намудани нақшаҳои генералӣ ба шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав, Леваканд, Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш, Кӯшониён, Дӯстӣ, Панҷ, Хуросон, Норак, Данғара, Ёвон, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Восеъ, Бохтар, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Панҷакент сафарбар карда шуданд.
Натиҷаи санҷиш нишон дод, ки аз ҷониби масъулини мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои зикршуда то имрӯз баррасии муроҷиатҳо оид ба додани қитъаи замин ва иҷозати сохтмон барои сохтмони бинову иншоотҳо аз рӯи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ дуруст ба роҳ монда нашуда, муҳлатҳои муқарраршуда риоя нагардида, камбудиҳо дар самти назорати сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ, риояи кодекси шаҳрсозӣ ва замин, меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, ҷой доранд.
Аз натиҷаи боздиди гурӯҳҳои корӣ барои дар доираи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозии тасдиқшуда ба роҳ мондани фаъолияти шаҳрсозӣ ва ба танзим даровардани маркази шаҳру ноҳияҳо, ободонии ҳудуд, ҳалли маҷмуавии бунёди иншоотҳо ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба унвонии мақомотҳои зикршуда мактуби расмӣ ирсол карда шуд ва раванди иҷроиши он зери назорат қарор дорад.
Барои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашӣ-ҷустуҷӯӣ барои соли 2019 аз ҳисоби буҷети давлатӣ 1835000 сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки барои иҷрои корҳои лоиҳакашӣ-ҷустуҷӯӣ, таҳияи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ (нақшаи генералии шаҳру ноҳияҳо ва нақшаи тарҳрезии ноҳиявӣ) ва барои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ равона шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ Корхонаи воҳиди давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ» тибқи нақша лоиҳаи ҳуҷҷатҳои «Дастурамали вазифавии кормандони муҳандиси техникии соҳаи сохтмон» ва «Қоидаҳои муоинаи ҳолати техникии бино ва иншоот» омода карда шуда, дар баррасии аъзоёни Шӯрои илмию техникии Кумита қарор дорад.
Кумита фаъолияти худро дар нимсолаи якум натиҷагирӣ намуд
Дар давраи ҳисоботӣ Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон» таҳияи «Маҷмӯаи ҳарсемоҳаи нархҳои миёнаи харҷномавӣ ба захираҳои асосии сохтмон», Ахборотномаи ҳарсемоҳаи нархгузорӣ ва индексҳои ҷории бозҳисобкунии арзиши корҳои сохтмонӣ, таъмирӣ, васлгарӣ ва бакорандозиро барои семоҳаи якум, дуюм ва сеюми соли 2019 ба анҷом расонида, ба субъектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ пешниҳод намуд. Инчунин, тибқи нақша лоиҳаи ҳуҷҷати меъёрии «Дастури методӣ оиди таҳияи таснифгари мошину механизмҳо дар сохтмон», ки дар таҳияи он таҷрибаи давлатҳои пешрафти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба инобат гирифта шудааст, омода карда шуда, пас аз баррасӣ дар ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон барои мукаммал намудани он тавсия дода шуд. Семоҳаи сеюми соли ҷорӣ бояд ҳуҷҷати “Классификатори мошину механизмҳо” низ дар асоси дастурамали мазкур таҳия карда шавад.
Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. қайд намуд, ки мутобиқи талаботи кодексҳои шаҳрсозӣ ва замин бе мавҷуд будани нақшаҳои генералӣ, нақшаҳои муфассали банақшагирии маҳал ва лоиҳаи иморатсозӣ барои сохтмон додани иҷозат имконнопазир буда, интихоб, ҷойгиронӣ ва сохтмонӣ ҳамагуна иншооту биноҳо дар асоси ҳуҷҷатҳои зикршуда бо мақсади ҳалли маҷмуавии ҳудудҳо, риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, ба инобат гирифтани дастрасии аҳолӣ ба биноҳои бунёдшаванда ва шабакаҳои муҳандисӣ, инчунин дигар талаботҳои шаҳрсозӣ ба роҳ монда мешавад.
Аз ин лиҳоз, пешниҳод карда мешавад, ки барои ба роҳ мондани тартиби дурусти масъалаи интихоб ва додани қитъаҳои замин ҷиҳати бунёди маҳалҳои нав ва сохтмони бинову иншоотҳо бояд аз ҷониби сохторҳои дахлдори шаҳру ноҳияҳо хулосаҳои дақиқ тибқи талаботи Нақшаи генералӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, сохтмонӣ, экологӣ, геологӣ, зидди сухтор, ҳифзи муҳити зист ва дигар талаботҳои мавҷуда дода шуда, баъдан дар асоси хулосаҳои мусбӣ қарори дахлдор қабул карда шавад.
Вобаста ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҷашн гирифтани 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2019 тасдиқ гардидааст, аз ҷониби Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонии Кумита дар иншоотҳои сохташудаистодаи шаҳри Саразм, аз ҷумла дар сохтмони осорхонаи замонавии таърихию кишваршиносӣ дар мавзеи шаҳри Саразми бостонӣ, сохтмони “Бинои чойхона ва меҳмонхона”, сохтмони бинои иловагии беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент, сохтмони роҳи даромад ба мамнӯъгоҳи таърихӣ-бостоншиносии “Саразм” санҷиш гузаронида шуда, аз натиҷааш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам маълумот пешниҳод намуда истодааст.
Кумита фаъолияти худро дар нимсолаи якум натиҷагирӣ намуд
Тибқи супоришҳои протоколи Кумитаи тадорукоти ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразм аз 24 майи соли 2019 ва протоколи сафари кории гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд аз 19 июни соли 2019 бо мақсади таҳияи лоиҳаи Нақшаи муфассали тарҳрезии шаҳри Саразми бостонӣ ва боздид аз иншоотҳои сохташаванда мутахассисони Кумита ба шаҳри Панҷакент сафарбар карда шуданд. Айни замон, таҳияи лоиҳаи нақшаи муфассали тарҳрезии шаҳри Саразми бостонӣ тибқи консепсияи илмии “Мамнӯъгоҳи таърихӣ-бостоншиносии Саразм”, ки аз ҷониби Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва пешниҳод гардидааст, идома дошта, рӯзҳои наздик барои мувофиқа пешниҳод карда мешавад.
Дар нимсолаи якуми соли 2019 ба Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ барои гирифтани иҷозатномаи фаъолияти сохтмонӣ ва лоиҳакашӣ 251 муроҷиат ворид гардида, 222 муроҷиат дар маҳал санҷида шуда, хулосаи дахлдор барои баррасӣ ба Комиссияи иҷозатномадиҳӣ пешниҳод гардид, ки аз ин ба 149 довталаб иҷозатнома дода шудааст. Ба 73 ташкилот аз ҷониби Комиссия бо сабаби камбудиҳои ҷойдошта, ҷавоби рад дода шуда, ҳуҷҷатҳои 29 довталаби дигар мавриди омӯзиш қарор доранд.
Ҳамзамон дар ин давра, ба Хадамот аз ҷониби 73 шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои тамдид намудани муҳлати амали иҷозатнома ҳуҷҷат пешниҳод шуда, муҳлати амали иҷозатномаи 40 ташкилот тамдид карда шуданд. Ба 13 ташкилот аз ҷониби Комиссия ҷавоби рад дода шуда, ҳуҷҷатҳои 20 ташкилот, мавриди таҳлил қарор дорад.
Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби 120 ташкилот барои аз як сатҳ ба сатҳи дигари масъулиятнокӣ гузаронидан ба Хадамот муроҷиат намудаанд, ки аз ин муроҷиати 83 ташкилот қонеъ карда шуда, ба 30 ташкилот ҷавоби рад дода шудааст. Ҳуҷҷатҳои 7 ташкилот мавриди омӯзиш қарор дорад.
Ба Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ зарур аст, ки назорати риояи шарту талаботи иҷозатномадиҳиро аз ҷониби иҷозатномагирандагон боз ҳам пурзӯр намуда, ҷиҳати саривақт тамдид намудани иҷозатномаҳои муҳлаташон ба охир расида чораҳои зарурӣ андешад.
Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳаҳои шаҳрсозӣ дар нимсолаи якуми соли 2019 - 312 лоиҳаҳои кориро мавриди ташхис қарор дод. Ба 218 лоиҳа хулосаи мусбӣ, ба 7 лоиҳа хулосаи манфӣ (баъдан ба 2 лоиҳа хулосаи мусбӣ) дода шуда, 6 лоиҳаи корӣ аз эътибор соқит ва 3 лоиҳаи корӣ мавқуф гузошта шудааст. Айни замон 80 лоиҳаи корӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.
Ба сифати харҷномаи лоиҳаҳо диққати ҷиддӣ дода шуда, дар ин давра аз харҷномаи иншоотҳо дар маҷмӯъ 241 854 ҳазор сомонӣ бо назардошти лоиҳаҳои иншооти “НБО Роғун” кам карда шуд, ки бо ин васила арзиши корҳои сохтмонию васлгарӣ ба ҳамин маблағ арзон гардид.
Дар нимсолаи якуми соли 2019 ба Раёсати экспертиза аз тарафи лоиҳакаши генералии НБО-и «Роғун» ҶС «Гидропроект» ба миқдори 48 баст ҳуҷҷатҳои корӣ пешниҳод шуда, аз ин миқдор ба 21 баст хулосаи мусбӣ дода шуд ва 27 баст мавриди баррасӣ қарор дорад.
Ҷиҳати татбиқи принсипи “Равзанаи ягона” барои гирифтани иҷозати сохтмон ва пешбурди кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ Муассисаи давлатии “Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ” дар нимсолаи якуми соли 2019 бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамкорӣ намуда, тибқи супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ташкили вохӯриҳо бо намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ, ки дар доираи беҳтар намудани нишондиҳандаҳои кишвар дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ барои солҳои 2018-2022, мутахассисони Кумита дар ҷаласаҳои омодагӣ барои гузаронидани вохӯрию видеоконфронсҳо якҷо бо сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ ва Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ иштирок намуда, оид ба нишондиҳандаҳои асосии назарсанҷиҳои байналмилалӣ таклифу пешниҳодҳои худро иброз намуданд.
Инчунин ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, №95 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати самаранок гардонидани ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои давлатии ба равзанаи ягона дар соҳаи сохтмон ҷалбгардида, кушодани утоқи кории "Равзанаи ягона дар соҳаи шаҳрсозӣ" дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо фармоиш ва нақшаи чорабиниҳои Кумита аз 20 марти соли 2019, №28/ф ба имзо расида, бо мактуби расмӣ аз 11 марти соли 2019, №1/548 ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дархост ирсол гардид.
Айни замон дар 54 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ утоқи кории "Равзанаи ягона дар соҳаи шаҳрсозӣ" ташкил карда шудааст, вале мутаассифона то ҳол аз ҷониби мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Леваканд, ноҳияҳои Вахш, Данғара, Ҳамадонӣ ва Носири Хусрави вилояти Хатлон, шаҳри Гулистон, ноҳияҳои Ашт ва Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Варзоб ва Файзобод утоқи кории "Равзанаи ягона дар соҳаи шаҳрсозӣ" ташкил карда нашудааст.
Кормандони соҳаи сохтмон ва меъморӣ дар ин давра, новобаста аз камбудиҳои ҷойдошта бештар фаъолият карда бошанд ҳам, вале ҳоло ҳам камбудиҳо ҷой доранд ва мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки онҳо ислоҳи худро ёбанд ва дар қарори ҳайати мушовара иҷрои вазифаҳои мушаххас дарҷ карда шудааст.
Дар охир бори дигар ба сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони воҳидҳои сохтории Кумита, сармеъморони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, директорони корхонаҳои фаръии КВД “Лоиҳакаш” супориш дода мешавад, ки иҷрои супоришҳои дар қарорҳои ҷаласаи имрӯза қабулгардидаро сари вақт таъмин намуда, аз натиҷааш дар муҳлати муқарраргардида ба дастгоҳи марказии Кумита маълумот пешниҳод намоянд.
Кумита фаъолияти худро дар нимсолаи якум натиҷагирӣ намуд
Аҳмадзода Ҷ.Ҷ.дар фарҷоми сухани худ гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пеш аз ҳама Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бовар мекунонам, ки мо - кормандони соҳаи сохтмону меъморӣ барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати корҳои сохтмониву лоиҳакашӣ, вусъат бахшидан ба фаъолияти бинокорӣ ва ободу зеботар кардани Ватани азизамон дастуру супоришҳои Сарвари давлатамонро сармашқи кори худ қарор дода, ба комёбиҳои боз ҳам бештар ноил мегардем.
Сипас, ҳисоботҳои роҳбарони корхонаҳо ва ташкилотҳо сардори Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ Табарзода Р.Ҳ., сардори Хадамоти иҷозатномадиҳӣ Файзуллозода Н.Қ., муовини сардори Раёсати экспертизаи давлатӣ Маҳмудзода Л., директори ҶСК «Шаҳрофар» Ишанов Б.М., директори ҶСК «Корезлоиҳа» Худойдодзода Н.Х., директори КВД «Лоиҳакаш» Шарифзода Д.Ш., директори КВД «Маркази нархгузорӣ» Каримзода А.Р., директори КВД «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ Умаров У.Х., директори МД «Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ» Сафарзода А.А. шунида шуданд.
Ҳисоботи мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Мастчоҳ Амонов Муқимҷон оид ба ҳолати иҷрои корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шунида шуд.
Ҳамин тавр масъалаҳои дар рӯзномаи маҷлис қарордошта баррасӣ карда шуданд. Раиси Кумита изҳори боварӣ намуд, ки дар амалӣ сохтани мақсаду мароми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат кормандони Кумита, аз ҷумла сохтмончиёну меъморон, лоиҳакашон, сармеъморони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо заҳмати софдилона ва иқдому фаъолияти ватандӯстонаи худ барои ободу зебо гардонидани Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ дода, аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳои гузошташуда мебароянд.
Д.Нурзода,
“РБ”







Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво