6 декабр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Аҳмадзода Ҷ.Ҷ.: Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумита - ин таъмин намудани шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассали тарҳрезии маҳал мебошад

645
Имрӯз нишасти матбуотии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Раиси Кумита Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол ба хабарнигорон аз натиҷаи фаъолияти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ҳисобот пешниҳод намуд.
Ба иттилои ӯ соли сипаригашта барои мардуми кишвари мо аз ҷумлаи соли бисёр муҳиму хотирмон буд.
Аҳмадзода Ҷ.Ҷ.: Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумита - ин таъмин намудани шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассали тарҳрезии маҳал мебошад

Расман оғоз гардидани ташаббуси чоруми ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ - истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад.
Дар зарфи як сол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани садҳо иншооти нави таъиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ-муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, фарҳангиву варзишӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ гувоҳи равшани густариши ҷараёни созандагӣ ва ободонии кишвари азизамон мебошанд.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумита, гуфт Аҳмадзода,- ин таъмин намудани шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассали тарҳрезии маҳал мебошад, ки имрӯз ба танзим даровардани онҳо яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб рафта, ҳамзамон ҳуҷҷатҳои мазкур фаъолияти шаҳрсозиро дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба танзим медарорад.
Айни замон,- гуфт Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. аз 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳияи нақшаҳои генералии 57 шаҳру маркази ноҳияҳо пурра ба анҷом расида бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, мавриди амал қарор доранд.
Лоиҳаи Нақшаи генералии маркази ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Бустон бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа гардида, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.
Аҳмадзода Ҷ.Ҷ.: Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумита - ин таъмин намудани шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассали тарҳрезии маҳал мебошад
Лоиҳаи Нақшаҳои генералии шаҳрҳои Роғун, Гулистон ва ноҳияи Шаҳритуз мавриди мувофиқа қарор доранд. Таҳияи лоиҳаи Нақшаҳои генералии ноҳияҳои Данғара ва Фархор идома доранд.
Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. қайд намуд, ки мутахассисони Кумита дар соли 2018 дар шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ назорати сифати корҳои сохтмонӣ ва риояи талаботи меъёру қоидаҳои шаҳрсозиро ба роҳ монда, сохтмони 1405 иншоотро таҳти назорат қарор доданд.
Дар ин давра 2842 санҷиши сифати корҳои сохтмону васлгарӣ гузаронида, ба масъулини сохтмонҳо 1499 амрнома дода шуда, ба 399 шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва шахсони мансабдор барои роҳ додан ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон ба маблағи 629100 сомонӣ ҷарима таъин карда шуд.
Дар соли 2018 барои гирифтани иҷозатномаи фаъолияти сохтмонӣ ва лоиҳакашӣ 421 муроҷиат ворид гардида, аз ин ба 277 довталаб иҷозатнома дода шудааст.
Ба 117 ташкилот аз ҷониби Комиссия бо сабаби камбудиҳои ҷойдошта, ҷавоби рад дода шуда, ҳуҷҷатҳои 27 довталаби дигар мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор доранд.
Ҳамзамон дар ин давра аз ҷониби 218 шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои тамдид намудани муҳлати амали иҷозатнома ҳуҷҷат пешниҳод шуда, муҳлати амали иҷозатномаи 141 ташкилот тамдид карда шудаанд. Ба 65 ташкилот аз ҷониби Комиссия ҷавоби рад дода шуда, ҳуҷҷатҳои 12 ташкилоти дигар, мавриди таҳлил қарор дорад.
Мутахассисони Кумита дар ин муддат 550 лоиҳаҳои кориро мавриди ташхис қарор доданд. Ба 453 лоиҳа хулосаи мусбӣ, ба 36 лоиҳа хулосаи манфӣ (баъдан ба 10 лоиҳаи корӣ хулосаи мусбӣ дода шуд) дода шуда, 5 лоиҳаи корӣ бо сабаби дар муҳлати муайяншуда ислоҳ нагардидани эродҳо баргардонида шуд. Айни замон 66 лоиҳаи корӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.
Ба сифати харҷномаи лоиҳаҳо диққати ҷиддӣ дода шуда, дар ин давра аз харҷномаи иншоотҳо дар маҷмӯъ 263 миллиону 680 ҳазор сомонӣ кам карда шуданд, ки бо ин васила арзиши корҳои сохтмонию васлгарӣ ба ҳамин маблағ арзон гардид.
Аҳмадзода Ҷ.Ҷ.: Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумита - ин таъмин намудани шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассали тарҳрезии маҳал мебошад
Аз маърӯзаи Раиси Кумита маълум гардид, ки дар давоми соли 2018 тибқи Нақшаи корӣ мутахассисони Кумита ҷиҳати ба роҳ мондани назорати ҳолати риоя ва татбиқи амалӣ намудани нақшаҳои генералӣ ба шаҳру ноҳияҳои Варзоб, Рӯдакӣ, Нуробод, Рашт, Ховалинг, Темурмалик, Балҷувон, Сангвор, Тоҷикобод, Лахш, Шамсиддин Шоҳин, Душанбе, Роғун, Ваҳдат, Бохтар, Фархор, Қубодиён, Шаҳритуз, Носири Хусрав, Ҷайҳун, Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон, Спитамен, Деваштич, Зафаробод, Мастчоҳ, Ашт, Хуҷанд, Конибодом, Хоруғ, Ванҷ, Рушон, Роштқалъа, Ишкошим, Шуғнон сафарбар карда шуданд.
Кумита тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтмони Маркази намоишгоҳи байналмилалии ҷавобгӯй ба стандартҳои ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе” маълум менамояд, ки лоиҳаи ангоравии “Маркази намоишгоҳи байналмилалии ҷавобгӯй ба стандартҳои ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе” пас аз мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ барои дарёфти сармоя пешниҳод карда шуд.
Кумита бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанӣ оид ба интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии иншоот ва маҷмааи инфрасохтори сайёҳӣ эълон намуд. Озмуни мазкур ҷамъбаст гардида, лоиҳаҳои беҳтарини интихобшуда барои корбарӣ дар сомонаи Кумита www.tajsohtmon.tj ҷойгир карда мешаванд.
Кумита дар асоси Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо мақсади танзими рушди соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани сифати масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда, бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо розигии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 19-21 октябри соли 2018 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва рушди ҳунарҳои мардумӣ”-ро баргузор намуд.
Дар намоишгоҳи мазкур бахшҳои меъморӣ, сохтмон, шаҳрсозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ватанӣ, лоиҳаҳои иншооти инфрасохтори сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумии кандакорӣ, кошинкорӣ, гаҷкорӣ, наққошӣ ва ғайра муаррифӣ карда шуданд.
Аҳмадзода Ҷ.Ҷ.: Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумита - ин таъмин намудани шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассали тарҳрезии маҳал мебошад
Вобаста ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059 “Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ зиёда аз 60 лоиҳаҳои ангоравии маркази саломатӣ, кӯдакистон, коргоҳи ҳунарҳои мардумӣ, маркази таълимӣ – истеҳсолии занона, коргоҳи дӯзандагӣ, таваллудхона, ҳаммом бо сартарошхона ва кошонаи ҳусн, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, биноҳои иловагии таълимӣ, коргоҳи қаннодӣ ва чойхона, маркази хизматрасонӣ (сартарошхона, кошонаи ҳусн ва таъмири пойафзол), нонвойхона таҳия гардида, дар сомонаи Кумита www.tajsohtmon.tj барои корбарӣ пешниҳод карда шуд. Инчунин, лоиҳаи кории иншоотҳои зикршуда бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа карда шуда, аз ташхиси давлатии лоиҳаҳо гузаронида шуд ва ба муроҷиаткунандагон ройгон пешниҳод шуда истодааст.
Ҳамзамон, аз ҷониби Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ раванди корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои мазкур дар шаҳру ноҳияҳо ҳамарӯза зери назорат қарор дорад ва барои бо сатҳу сифати баланд ба иҷро расонидани корҳои сохтмонӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.
Мутахассисони Кумита барои рушди соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, баланд бардоштани сатҳи меъмории миллӣ, таҳияи лоиҳаҳои нави замонавӣ бо истифода аз технологияҳои пешқадам ва бунёди маҳаллаҳои нави аҳолинишин корҳои мушаххас ба анҷом расонида истодаанд.
Дар анҷоми ҳисоботи худ Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. изҳори боварӣ намуд, ки сохтмончиёну меъморони Тоҷикистон дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ҳамчун барномаи амал қарор дода, барои боз ҳам ободу зебо гаштани симои Ватани маҳбубамон ва таъмини шароити боз ҳам беҳтари кору зиндагии мардуми сарбаланди Ватанамон бо масъулияти баланд ва содиқона меҳнат мекунанд.
Сипас, Раиси Кумита ва сардорони зерсохторҳои он ба саволҳои сершумори рӯзноманигорон посух доданд.
Д. Нурзода, мухбири “РБ”




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво