Дар маҳаллаи Боғи ноҳияи Мастчоҳ мактаби нав бунёд мешавад![]()
Ба пешвози ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Боғи Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ мактаби нави дуошёна бунёд мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ.
Таҳкурсии бино ҳанӯз соли 2020 гузошта шудааст. Тибқи лоиҳа, мактаби нав аз 5 синфхона ва ду утоқи корӣ барои омӯзгорон иборат буда, барои зиёда аз 100 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст. Бинои мактаб бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ба тариқи ҳашар сохта мешавад. Роҳбарияти ноҳия аз ҷараёни корҳои омодагии сохтмони мактаб дидан карда, бо сокинони маҳалла ва соҳибкорон суҳбат намуданд. Таъкид карда шуд, ки бинои мактаб бояд дар маҳлати муқарраршуда ва бо сифати баланд сохта, ба истифода дода шавад. Боғ маҳаллаи навбунёд буда, дар он қариб 2 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад. АКС: дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |