26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти пухта ба кор оғоз менамояд

351
Ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти пухта пас аз навсозӣ ба фаъолият шуруъ мекунад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад.

Корхона ҳанӯз охирҳои солҳои 80-уми асри гузашта ба кор оғоз карда буд, вале бо иқтидори кам хишт истеҳсол менамуд.

Ҳоло корҳои навсозию барқароркунӣ дар қисмати танӯрҳои корхона ҷараён дошта, баробари ба фаъолият шуруъ кардан дар он беш аз 50 нафар бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мешавад.

Баъди ба кор оғоз кардан ин дуюмин ва бузургтарин корхонаи истеҳсоли хишти пухта дар ноҳияи Мастчоҳ хоҳад буд, ки иқтидори солонаи истеҳсоли он қариб 20 млн дона хишт дар як солро ташкил медиҳад.

Барои чунин иқтидори бузурги истеҳсоли хишт роҳбарияти корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин таҷҳизоти нав харидорӣ намудааст.

Раиси ноҳия зимни шиносоӣ бо корҳои навсозиву барқароркунӣ ба роҳбарияти корхона ҷиҳати хушсифат истеҳсол намудани ин навъи масолеҳи сохтмонӣ ва муҳайё сохтани шароити хуби корӣ дастуру маслиҳатҳои муфид дод.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво