23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Соҳибкор Фаррух Амонов дар деҳаи Деҳҳавзи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои нави муассисаи таълимӣ бунёд намуд

249
Бахшида ба ҷашни 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Деҳҳавзи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо иқдоми соҳибкор Фаррух Амонов бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бинои нави таълимӣ дорои 6 синфхона бо 110 ҷойи нишаст ва 2 ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорон буда, бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардонида шудааст.

Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода зимни ифтитоҳи муассисаи таълимӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, ба соҳибкор, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Роҳи Сомон» Фаррух Амонов барои бунёди бинои нав изҳори сипос намуд.

Деҳҳавз яке аз дурдастарин деҳаҳои ноҳияи Кӯҳистони Масчтоҳ буда, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Лангар қарор дорад. Бинои нави муассиса дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи бунёдкориҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, барои илмомӯзии хонандагон шароити мусоид фароҳам овардааст.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво