28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Роҳи марказии Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ мумфарш карда мешавад

129
Роҳи марказии Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ мумфарш карда мешавад Дар доираи корҳои созандагиву бунёдкорӣ Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ба корҳои мумфаршкунии роҳи марказии Ҷамоати деҳоти Навбаҳор ҳусни оғоз бахшид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ иттилоъ доданд.

Роҳи мазкур тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ амалӣ карда мешавад.

Дарозии роҳи мумфаршшаванда беш аз 1300 метр ва паҳноии он 6 метр буда, бо мумфарш шудани роҳ орзуи деринаи сокинони ҷамоат амалӣ хоҳад шуд.

Мавриди зикр аст, ки роҳи мазкур ҳанӯз соли 1980 сохта шуда, солҳои зиёд рӯи таъмирро надида буд ва бисёре аз қисматҳои он харобу валангор гардидаанд.

Ҳамзамон раиси ноҳия Аъзам Ализода барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо ба масъулин дастуру супоришҳо дод.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво