6 декабр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

80 нафар тарбиятгирандагони ноҳияи Мастчоҳ соҳиби муассисаи нав мешаванд

429
Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ бунёду навсозии беш аз 500 иншоот ба нақша гирифта шуда, дар даҳҳо иншооти дигар корҳои сохтмонӣ ҷараён доранд. Дар нимсолаи якум дар ноҳия бо харҷи 14 миллиону 560 ҳазор сомонӣ 68 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шудаанд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳоимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ иттилоъ доданд, ба истиқболи ин ҷашни миллӣ дар маҳаллаи 40-солагии Дилварзини Ҷамоати деҳоти Палдорак муассисаи томактабӣ бунёд мешавад.

Муассисаи томактабӣ ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Оймаҳмад Шарипов бунёд гардида истодааст.

Тибқи лоиҳа, барои бунёди иншоот 2 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, то имрӯз 80 дарсади корҳои сохтмонӣ анҷом ёфтаанд. Муассисаи мазкур барои 80 нафар тарбиятгиранда дар як баст сохта шуда, аз ду ошёна иборат мебошад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво