27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони Парчами давлатӣ бунёд мегардад

320
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони Парчами давлатӣ бунёд мегардадДар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони Парчами давлатӣ бунёд карда мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти давлатии Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

17 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъача бо лоиҳаи майдони Парчами давлатӣ шинос гардид.

Майдони парчам бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохта шуда, масоҳати майдон 0,25 га мебошад. Дар майдон гулгашту фаввораҳо ва нишастгоҳҳо сохта шуда, ҳудуди майдон сабзазор карда мешавад.

Раиси вилоят ба роҳбарияти ноҳия ва масъулини бахши сохтмон барои такмили лоиҳаи иншоот ва оғози корҳои сохтмонӣ тавсияҳо дод.

Сипас, Раиси вилоят дар Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корҳои сохтмонии бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 22 -ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Бинои иловагӣ аз 2 ошёна иборат буда, дорои 16 синфхона аст ва барои 450 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин барои бунёди иншооти ёрирасон ва истифодаи самараноки заминҳои назди мактаб супоришҳо дод.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво