29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Соҳибкорони маҳаллии ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кӯдакистони хусусӣ месозанд

304
Дар доираи омодагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони Парчами давлатӣ бо баландии 36 метр ҷараён дорад.
Бино ба иттилои манбаъ, майдони Парчами давлатӣ дар саҳни бинои ҷамоат дар 0,22 гектар бунёд мегардад. Дар атрофи Парчами давлатӣ барои истироҳату фароғати сокинон шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, барои фароғати кӯдакон арғунчакҳои муосир гузошта мешаванд.

Инчунин дар ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар масоҳати 0,37 гектар кӯдакистони хусусӣ бунёд гардида истодааст.

Мавриди зикр аст, ки дар ин муассисаи томактабӣ 20 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гардида, 150 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Маблағи лоиҳавии иншоот 1 миллион сомониро ташкил дода, айни замон 90 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст.

Ҳамчунин аз ҷониби раиси вилоят ба роҳбарияти ноҳия барои бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ, чароғонкунии кӯчаву атрофи иншоот, тақвияти корҳои ободониву хуррамгардонӣ супоришҳои мушаххас дода шудаанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво