Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба сохтмони бинои иловагии мактаби рақами 8 санги асос гузошта шуд
295
Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача, ки бо тарҳу намуди муосир барои 450 нафар хонанда пешбинӣ шудааст, санги асос гузоша шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд. Дар маросим Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода бо Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, роҳбари ситоди корӣ ва роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, омӯзгорону толибилмон иштирок доштанд. Зикр гардид, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 –и деҳаи Овчиқалъача соли 1984 барои 1200 нафар хонанда дар ду баст сохта, ба истифода дода шуда, бо зиёдшавии аҳолӣ чанд соли охир ба бинои иловагӣ эҳтиёҷ дошт. Ҳоло дар муассиса 2300 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, 150 нафар омӯзгорон фаъолият менамоянд. Баробари ба истифода додани бинои иловагӣ шароити таълиму тадрис дар муассиса бамаротиб беҳтар гардида, фанҳои таълимӣ дар утоқҳои махсус бо шаклҳои муосир баргузор хоҳанд шуд. АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |