26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони Парчами давлатӣ бунёд мешавад

428
Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда мешавад. Ба шарафи ин ҷашни миллӣ дар ноҳияи мазкур сохтмони 1282 адад иншооти тайъиноти гуногун, аз ҷумла мактабу кӯдакистонҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, роҳу пулҳои мошингузар ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 1040 адади он мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Тавре аз хадамоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди бинои ҷамоат сохта шуда, лоиҳаи он аз тарафи мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» омода гардидааст. Корҳои сохтмониро бунёдкорони Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «КММ-44» бар уҳда дошта, дар майдони мазкур барои истироҳату фароғати сокинон шароит фароҳам оварда мешавад.

Ҳоло дар ноҳия бунёди иншооти ҷашнӣ идома дошта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорон барои сари вақт ба истифода супоридани иншооти ба нақша гирифташуда тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво