Сохтмони 8 майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Б. Ғафуров
1317
То ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёди 8 майдончаи варзишӣ дар назар дошта шудааст.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд, дар ноҳия то имрӯз 3 адад майдончаи варзишӣ, аз ҷумла дар шаҳраки Ғафуров, ҷамоати деҳоти Овчиқалъача ва Ҳайдар Усмонов барои ба машғулиятҳои варзишӣ бештар фаро гирифтани насли наврас мавриди истифода қарор дода шудаанд. Корҳои сохтмонӣ дар 5 майдончаи варзишӣ дар маҳаллаҳо, назди биноҳои истиқоматии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров идома дошта, дар назар аст онҳо то ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шаванд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |