19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сохтмони ду бинои иловагии мактаб барои 970 хонанда дар ноҳияи Б. Ғафуров

974
Дирӯз дар доираи шиносоӣ бо корҳои бунёдкорӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон аз ҷараёни корҳои сохтмонии ду бинои иловагии мактаб барои 970 хонанда боздид намуд. Абдураҳмон Қодирӣ масъулини ноҳия, ҷамоатҳо ва пудратчиёни ҶДММ «Раёсати сохтмонии барқарор»-ро барои дар муҳлати муқарраргардида ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ вазифадор намуда, ҳамчунин суръат бахшидан ба корҳои ободонии ҳудуди ҷамоатҳо, таъмири роҳҳои дохилӣ ва чароғонкунии кӯчаҳоро талаб кард.
Тибқи нақшаи мақомоти маҳаллии ноҳиявӣ дар назди муассисаи таҳсилоти умумии рақами 23 ҷамоати Ҳайдар Усмонов дар ҳамдастӣ бо соҳибкорон бунёди бинои иловагии мактаб ба нақша гирифта шудааст. Бинои нави мактаб барои 430 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, аз 2 ошёна ва 16 синфхона иборат хоҳад буд. Айни ҳол наздик ба 400 нафар фарзандони маҳал дар бинои мавҷудаи мактаб, ки соли 2005 сохта шудааст, таҳсил мекунанд ва ба муассисаи нав эҳтиёҷ доранд.
Инчунин боз як бинои иловагӣ, иборат аз се ошёнаву 16 синфхона барои 540 нафар дар як баст дар назди мактаби рақами 14-и ҷамоати Унҷӣ, ки сохтмони он соли гузашта аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оғоз гардида буд, соли равон ба истифода дода мешавад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво