27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маъракаи иттилоотии «16 рӯзи мубориза бар зидди хушунати хонаводагӣ» доир шуд

254
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маъракаи иттилоотии «16 рӯзи мубориза бар зидди хушунати хонаводагӣ» доир шудДар доираи маъракаи иттилоотии «16 рӯзи мубориза бар зидди хушунати хонаводагӣ» дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии маркази занон «Гулрухсор» ҳамоиш доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ хабар доданд.

Зикр гардид, ки ҳамоиш бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ оид ба ҳуқуқи оила, баланд бардоштани сатҳи маданияти ҳуқуқии ҷавонон, устувории нақши оила, бунёди оилаи солим, парваридани ҳисси масъулиятшиносӣ дар ниҳоди ҷавонон, тараннуми арзишҳои олии оила, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ, пешгирии омилҳои номатлуб ва хушунати оилавӣ баргузор шуд.

Муовини Раиси ТҶ Маркази занон «Гулрухсор» Сабоҳат Бобоҷонова ва корманди маркази мазкур Умедахон Латипова иброз намуданд, ки мақсади гузаронидани ин гуна ҳамоиш- ҷалби диққати ҷомеа ба проблемаи зӯроварӣ нисбат ба занон, мусоидат намудан дар баланд бардоштани мақоми иҷтимоӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии бонувон ва коҳиш додани хушунати хонаводагӣ мебошад.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, ҳамасола дар тамоми ҷаҳон аз 25 ноябр то 10 декабр маъракаи иттилоотии «16 рӯзи мубориза бар зидди хушунати хонаводагӣ» сурат мегирад, ки он дар иртибот ба «Конвенсия оид ба бартараф намудани ҳама гуна маҳдудкуниҳои ҳуқуқи занон» қабул гардидааст. Дар робита ба ин маърака дар тамоми вазорату идораҳо ва муассисаҳои ҷумҳурӣ барномаҳои иттилоотӣ доир гардида истодаанд.

АКС: шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво