20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ранги норинҷӣ – ифодаи умеду равшанист, ки рамзи маъракаи «16 рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди хушунат нисбат ба занон» интихоб шудааст

248
Ранги норинҷӣ – ифодаи умеду равшанист, ки рамзи маъракаи «16 рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди хушунат нисбат ба занон» интихоб шудаастТавре қаблан иттилоъ додем дар мамлакат маъракаи «16 рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди хушунат нисбат ба занон» идома дорад. Ба ин муносибат 6 декабр дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Ҳаёт бидуни зӯроварӣ зебост» доир шуд, ки он бо ибтикори бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҳамкорӣ бо «Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе» роҳандозӣ гардид. Дар конференсия ҳамзамон намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии «Корвони Умед» низ иштирок доштанд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт иттилоъ медиҳад.

Муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Наргис Шарифзода зикр кард, ки «мушкилоти зӯроварӣ дар оила яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Хушунат аз калимаи арабии «хашуна» (яхшуну) гирифта шуда, маънояш «дағал будан, ба касе дағалӣ кардан, дуруштӣ» мебошад. Мутаассифона, хушунат имрӯз ба масъалае табдил ёфтааст, ки қисматае аз хонаводаҳоро фаро гирифтаву яке аз сабабҳои аз ҳам пош хӯрдани оилаҳо гардидаааст. Аксаран ин зуҳурот аз ҷониби зану мард баробар сурат мегирад.Тавре рақамҳои оморӣ шаҳодат медиҳанд, дар баъзе мавридҳо хушунати хонаводагӣ ба худкушии одамон, бахусус ҷавонон оварда мерасонад».

«Интихоб шудани ранги норинҷӣ ҳамчун рамзи маъракаи «16 рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди хушунат нисбат ба занон» маънои умед ва равшаниро дорад. Бар зидди зӯроварӣ дар оила ва барои ҳалли ин мушкилот бояд дастаҷамъона мубориза бурд»,-гуфт ӯ.

Ранги норинҷӣ – ифодаи умеду равшанист, ки рамзи маъракаи «16 рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди хушунат нисбат ба занон» интихоб шудааст


Дар Конференсия иброз гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешрафти ҳаёти занон, дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо, махсусан мубориза бо хушунату зӯроварӣ дар оилаҳо аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Давлати мо дар солҳои соҳибистиқлолӣ як қатор ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Эъломияи ҳуқуқи башар, Эъломияи Пекин ва Барномаи амали он, Конвенсияҳои СММ «Дар бораи барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбат ба занон» ва Протоколи иловагии он, «Дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии занон», «Дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак», Қатъномаҳои Шӯрои бехатарии СММ оид ба ҳуқукҳои занон ва ғайраро ба тасвиб расонд. Қабулу амалӣ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва «Барномаи давлати пешгирии зӯроварии хонаводагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» шаҳодати ин гуфтаҳост.



Таъкид гардид, ки оила асоси ҷамъият буда, таҳти ҳифзи махсуси қонун ва давлат қарор дорад. Зӯроварӣ дар оила кирдори паҳншуда ва хавфноке дар муҳити оилавӣ ба шумор меравад, ки ҳуқуқу озодиҳои аъзои дигари оиларо дағалона вайрон менамояд. Ин падидаи номатлуб дар бисёр мавридҳо ба барҳамхӯрии оилаҳо ва худкушии ҷабрдидагон оварда мерасонад. Ҳеҷ кас аз ин кирдор истисно набуда, ҷабрдидаи зӯроварӣ дар оила метавонад зан, мард, кӯдак ё аъзои дигари оила бошад. Зӯроварӣ дар оила масъалаи шахсӣ миёни аъзои оила набуда, вайронкунии ҳуқуқи инсон ва табъиз нисбат ба дигар аъзои оила натиҷаи бевоситаи нобаробарӣ миёни марду зан мебошад.

Нотиқон дар конфересия иброз доштанд, ки имрӯз бештари духтарон кӯшиш менамоянд, ки барвақт оила барпо намоянд. Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари вақт онҳо аз муносибати оиладорӣ бехабар буда, ба ҳаёти мустақилона омода нестанд. Яке аз сабабҳои зиёд гардидани теъдоди ҷудошавии оилаҳои ҷавон дар ҷумҳурӣ тайёр набудани ҷавондухтарон ба оиладорӣ аст. Аз ин рӯ, беҳтар мебуд, агар падару модарон пеш аз оиладор намудани фарзандон онҳоро аз тамоми нозукиҳои оиладорӣ бохабар намуда, ба ҳаёти мустақилона омода мекарданд.

Зикр гардид, ки имрӯзҳо занон бо масъалаҳои гуногуни оилавӣ хеле зиёд ба масъулини мақомоти дахлдор муроҷиат мекунанд, ки аз ҷониби равоншиносону ҳуқуқшиносон ба онҳо маслиҳатҳои муфид дода мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола аз 25 ноябр то 10 декабр дар мамлакат маъракаи «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат» доир мегардад, ки ҳадаф аз он ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба мушкилоти умдаи иҷтимоӣ, бахусус зӯроварии оилавӣ ва бадрафторӣ нисбат ба занону духтарон мебошад. Ин маърака 10 декабр дар Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи инсон ҷамъбаст мегардад.

Рухсораи НУР,
АМИТ “Ховар”

АКС: Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво