29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Хуҷанд доир ба пешгирии зӯроварӣ дар оила мулоқот баргузор гардид

165
Дар Хуҷанд доир ба пешгирии зӯроварӣ дар оила мулоқот баргузор гардид Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот баргузор шуд, хабар доданд ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло МАҲКАМОВ дар хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд.

Мақсад аз баргузории мулоқот- баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум ва баррасии масоили муҳими пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон ва ба ин восита такмил додани қонунгузории соҳа ва ҳамоҳангсозии масъалаҳои зӯроварии гендерӣ мебошад, ки ба беҳдошти вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакат мусоидат менамояд.

Дар мулоқот сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода иброз дошт, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ беҳгардонии шароити занон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Президенти мамлакат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.

«Дар сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини сатҳи шоистаи шаҳрвандони мамлакат яке аз самтҳои асосии рушди ҷумҳурӣ муайян гардидааст. Дар ин замина якчанд қонун ва барномаҳои давлатӣ ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа қабул карда шуданд. Бо вуҷуди ин ҳолати ҷой доштани зӯроварӣ, поймолкунии ҳуқуқу шарафи як инсон аз ҷониби инсони дигар ба мушоҳида мерасанд», — иброз дошт мавсуф.

Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва дигар барномаҳои соҳавӣ таҳия гардидаанд, ки татбиқи онҳо ба беҳтар гаштани мақоми зан дар ҷомеа мусоидат менамояд.

Зикр шуд, ки бино ба таҳлили равоншиносон, бархе хушунати хонаводагӣ маъмулан паси дарҳои баста ва аз ҷониби одаме сурат мегирад, ки ҳамеша бо қурбонӣ ҳамроҳ асту қурбонӣ аз ӯ вобаста мебошад. Аз нигоҳи равонӣ, аксар вақт ҳам қурбонӣ ва ҳам хушунатгар дар диди худ ин амалро ҳақ мешуморанд. Ҳатто дар ҳолатҳои бисёр шиддат ёфтани хушунати хонаводагӣ махсусияти зикршуда боиси он мегардад, ки дар ошкор кардани хушунати хонаводагӣ душвориҳои зиёд пеш меоянд, зеро қурбониёни зӯроварӣ, хосса занону духтарон, ки дар ҳолатҳои дигар аксаран барои кумак муроҷиат менамоянд, ё ба мақомоти дахлдор арз мекунанд, дар мавриди хушунати хонаводагӣ ин амалро пинҳон медоранд. Занон барои чунин рафтор сабабҳои зиёде доранд ва он нозукиҳои худро дорад. Ва ниҳоят дар хушунати хонаводагӣ тамоми намудҳои хушунат дар шакли омехта вомехӯранд.

АКС: хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво