5 октябр 2022, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе масъалаи ҳамкорӣ бо Маркази минтақавии рушди иқтидори Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ гардид

29
Дар Душанбе масъалаи ҳамкорӣ бо Маркази минтақавии рушди иқтидори Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ гардидДар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо директори Маркази минтақавии рушди иқтидори Хазинаи Байналмилалии Асъорро барои давлатҳои Қавқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон Норберт Функе баргузор гардид, ки дар доираи он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкорӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар бонки мазкур хабар доданд, Фирдавс Толибзода саҳми ХБА дар ташаккули институтҳо ва рушди иқтидори омилҳои инсонӣ дар бахши молиявиро муҳим арзёбӣ намуда, барои ҳамкории доимӣ ва дастгирии низоми бонкӣ ва дар маҷмӯъ, иқтисодиёти миллии мамлакат аз ҷониби хазина изҳори сипос намуд.

Ҳамзамон муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамкории оянда бо Маркази минтақавии рушди иқтидори ХБА дар самти танзим ва назорати низоми бонкӣ бо истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ, бахши сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми пардохт, заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, аудити дохилӣ, омор ва тавозуни пардохт, танзим ва назорати суғуртавӣ, таҳияи низоми муосири идоракунии хавфҳои амалиётӣ, низоми комплаенс бо ҷалби кумаки техникӣ изҳори назар кард.

Норберт Функе зикр намуд, ки Маркази минтақавии рушди иқтидори ХБА бо 9 давлати дунё, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории мутақобила ба роҳ мондааст. Номбурда барои густариши ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати суботи молиявӣ, пешбурди сиёсати самараноки макропруденсиалӣ, идоракунии хавфҳо, танзим ва назорати бонкӣ, ки барои суботи молиявӣ ва рушди иқтисоди кишвар заминаи мусоид фароҳам меоварад, омодагии хешро баён намуд.

АКС: шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво