25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкориро бо Хазинаи байналмилалии асъор тақвият мебахшад

223
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкориро бо Хазинаи байналмилалии асъор тақвият мебахшадМасъалаҳои таҳкими равобити дуҷониба байни Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ва Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) дар мулоқоти Раиси Бонки миллӣ Ҳоким Холиқзода бо ҳайати ХБА таҳти роҳбарии муовини директори Департамент оид ба кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ Субир Лалл дар Душанбе баррасӣ шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба БМТ иттилоъ медиҳад, ки Ҳоким Холиқзода ба ҳайати ин ниҳоди байналмилалии молиявии бонуфуз барои ҳамкории мутақобилан судманд ва ҳиссагузорӣ дар рушди устувори иқтисодии кишвар, аз ҷумла низоми бонкӣ арзи сипос намуда, Субир Лалл ва ҳайати ҳамроҳонашро, ки баъд аз гуфтушунидҳои фосилавии 2-сола ба Тоҷикистон ташриф оварданд, муҳим ва саривақтӣ хонд.

Инчунин Ҳоким Холиқзода ҳайати ХБА-ро мухтасар бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии ҷумҳурӣ шинос намуд. Зикр шуд, бо вуҷуди вазъи феълии ҷаҳонӣ, ки ба иқтисодиёти кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон бетаъсир намонд, рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар 5 моҳи соли 2022 7,4 фоизро ташкил дода, сатҳи таваррум дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ ба 3,9 фоиз баробар шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 0,5 банди фоизӣ паст мебошад.

«Дар маҷмуъ, новобаста аз вазъи феълии ҷаҳонӣ ва афзоиши фишорҳои берунӣ, низоми бонкии Тоҷикистон дар соли 2021 ва 5 моҳи соли 2022 фаъолияти худро бо нишондиҳандаҳои мусбат ҷамъбаст намуд», — таъкид дошт Ҳ. Холиқзода.

Субир Лалл тазаккур дод, ки ҳадафи ташрифи ҳайати ХБА ба Тоҷикистон омӯзиши вазъи кунунии иқтисодиёт, аз ҷумла низоми молиявӣ-бонкӣ буда, дар ин сафар бо намояндагони як қатор вазорату идораҳои калидии кишвар мулоқот анҷом дода мешавад.

Инчунин ӯ мудири иҷроияи ХБА дар Тоҷикистон Мэтю Гертнерро, ки ба тозагӣ ба вазифа интихоб гардид, муаррифӣ намуд.

Раиси БМТ Ҳоким Холиқзода барои идома бахшидани ҳамкорӣ бо ХБА изҳори омодагӣ намуда, барои дар оянда татбиқ намудани барномаҳои нав ва ҷалби кумакҳои техникӣ дар самти суботи молиявӣ, сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, идоракунии босамари захираҳои байналмилалӣ, таҳлил ва идоракунии хавфҳо, танзим ва назорати низоми бонкӣ, тақвият бахшидани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ дар бахши низоми пардохт, рушди хизматрасонии молиявии рақамӣ ва низоми комплеанс изҳори ҳавасмандӣ кард.

Дар охир, ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкории сифатан нав изҳори омодагӣ намуданд.

Бояд хотиррасон кард, ки ҳайати ХБА таҳти роҳбарии Субир Лалл аз 16 то 22 июн дар Тоҷикистон қарор дошта, бо намояндагони як қатор вазорату идораҳои бахши иқтисодӣ мулоқот анҷом хоҳад дод.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво