18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе дурнамои ҳамкории байнибонкии Тоҷикистон ва Ҷопон баррасӣ гардид

117
Дар Душанбе дурнамои ҳамкории байнибонкии Тоҷикистон ва Ҷопон баррасӣ гардидВазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории иқтисодиву бонкӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷопон дар меҳвари мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тосихиро Аики қарор гирифт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода иброз дошт, ки бо шарофати сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бо давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла бо кишвари Ҷопон сол аз сол тақвият меёбанд.

Ҳоким Холиқзода назаррас арзёбӣ гардидани саҳми Ҷопонро дар рушди иқтидори кадрии мамлакат, бахусус Бонки миллии Тоҷикистон махсусан таъкид намуда, гуфт, ки дар доираи лоиҳаи пешниҳоди идрорпулӣ барои омода сохтани мутахассисон аз соли 2011 то ҳол 16 мутахассиси Бонки миллии Тоҷикистон дар донишгоҳҳои олии Осиё ва Уқёнуси Ором ба таълими дусола фаро гирифта шуда, 11 нафари онҳо омӯзишро муваффақона ба анҷом расониданд, ки феълан дар рушди низоми бонкии Тоҷикистон саҳм мегузоранд.

Дар Душанбе дурнамои ҳамкории байнибонкии Тоҷикистон ва Ҷопон баррасӣ гардид


Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Тосихиро Аики ба таҳкими ҳамкорӣ дар самтҳои барои Тоҷикистон афзалиятнок, бахусус низоми бонкӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, омодагии хешро ҷиҳати мусоидат дар таҳкими самтҳои муҳими ҳамкорӣ баён намуд.

Ҳоким Холиқзода оғози раванди ҳамкориро ҷиҳати сармоягузорӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон аз сӯи Ҷопон истиқбол намуда, тавсеаи ҳамкориро бо истифода аз имконоти молиявӣ ба низоми бонкӣ муҳим маънидод намуд. Вай ҳавасмандии худро ҷиҳати густариши муносибатҳои низоми бонкии Тоҷикистон бо бонкҳои Ҷопон, бахусус омӯзиши таҷрибаи ташкилоти молиявии Ҷопон, барпо намудани муносибатҳои муросилотӣ, табодули таҷриба миёни сохторҳои алоқаманди бонкҳои марказӣ дар бахши сиёсати пулию қарзӣ, устувории молиявӣ, идоракунии захираҳои байналмилалӣ, рушди бозори суғурта, назорати бонкӣ ва низоми пардохт изҳор дошт.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво