20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе тақвияти иқтидори соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон баррасӣ гардид

265
Татбиқи лоиҳаи «Мусоидат ба рушди деҳот ва тақвияти иқтидори соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон» дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо ҳайати Фонди хазинаи амонатҳо оид ба ҳамкории байналмилалии Олмон, роҳбари минтақавии лоиҳа Михаил Бек, ҳамоҳангсози минтақавӣ Аня Хойер ва намояндаи Фонд дар Тоҷикистон Инна Мазур дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Душанбе тақвияти иқтидори соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳадафи асосии лоиҳа беҳтар кардани дастрасии молиявӣ ба аҳолии деҳот, соҳибкории хурду миёна ба хизматрасониҳои молиявӣ тавассути баланд бардоштани саводнокии молиявӣ ва маърифати соҳибкорӣ мебошад.

Ҳоким Холиқзода аз сатҳи ҳамкорӣ ва фаъолияти пурсамари Фонди хазинаи амонатҳо оид ба ҳамкории байналмилалии Олмон дар Тоҷикистон, ки аз соли 2014 инҷониб дар самти такмили ихтисоси кормандони бонкҳои тиҷоратӣ, баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ ва мусоидат дар беҳтар кардани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ корҳои зиёдеро анҷом додааст, изҳори қаноатмандӣ намуд.

Мусоҳибон таҳкими ҳамкориро дар самти барои низоми бонкӣ муҳим — беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон баррасӣ намуда, барои густариши муносибот дар самти баланд бардоштани тахассуси кормандони соҳаи низоми бонкӣ тавассути табодули таҷриба бо мутахассисони соҳаи бонкии Олмон ва ба ин васила мусоидат дар баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ изҳори омодагӣ намуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво