26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тоҷикистон ва Маркази рушди иқтидори минтақавии Хазинаи Байналмилалии Асъор ҳамкориро густариш медиҳанд

262
Тоҷикистон ва Маркази рушди иқтидори минтақавии Хазинаи Байналмилалии Асъор ҳамкориро густариш медиҳанд21 сентябр Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо директори Маркази рушди иқтидори минтақавии Хазинаи Байналмилалии Асъор барои кишварҳои Кавказ, Осиёи Миёна ва Муғулистон Норберт Функе вохӯрӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» ба истинод ба вазорати мазкур.

Завқӣ Завқизода тақвияти ҳамкории минбаъдаро дар самтҳои таҳияи модели муосири дурнамои макроиқтисодӣ, истифодаи таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ вобаста ба омодасозии гузоришҳои таҳлилии рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, омӯзиш ва мубодилаи таҷрибаи мамлакатҳои рушдёфта ва пешниҳоди кумаки техникӣ барои такмили самтҳои зикргардида зарур арзёбӣ намуд.

Завқӣ Завқизода гуфт, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии иқтисодӣ таъсис дода шудааст ва тақвияти ҳамкории марказро бо пажӯҳишгоҳи мазкур зарурӣ арзёбӣ намуд.

Дар фарҷом ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ доир ба ташкили чорабиниҳои машваратию омӯзишӣ вобаста ба пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва нигоҳ доштани устувории макроиқтисодӣ баён доштанд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво