19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Миёни Тоҷикистон ва Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо масоили густариши ҳамкорӣ баррасӣ шуд

226
Миёни Тоҷикистон ва Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо масоили густариши ҳамкорӣ баррасӣ шудДар Душанбе вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд (БИР) аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи БИР Завқӣ Завқизода бо Роҳбари Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо (ITFC) Ҳани Салем Сонбол доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.

Завқӣ Завқизода ба ҳайати Корпоратсияи Исломии Маблағгузории Савдо нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии кишвар, аз ҷумла савдои хориҷӣ ва нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллиро муаррифӣ намуд.

Мавсуф зикр намуд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкорӣ бо шарикони рушд, бахусус гурӯҳи Бонки Исломии Рушд барои таъмини рушди иқтисоди миллӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Корпоратсияи мазкур, ҳолати татбиқи лоиҳаҳои амаликунандаи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби маблағҳои имтиёзнок вобаста ба таъсири омилҳои берунӣ, лоиҳаҳои нави афзалиятнок дар асоси ҳадафҳои рушди кишвар ва дурнамои ҳамкории миёнамуҳлатро мавриди баррасӣ қарор доданд.

З.Завқизода аз Роҳбари Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо дархост намуд, ки маблағгузорӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ вобаста ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон бо сабаби ҷорӣ намудани таҳримҳои кишварҳои ғарб нисбат ба баъзе шарикони тиҷоратии кишвар, инчунин ноил гардидан ба ҳадафу афзалияти стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ, рушди иқтисоди сабз, иқтисоди рақамӣ, савдои электронӣ ва бонкдории исломӣ, саноатикунонӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва тақвияти иқтидори содиротӣ зиёд карда шавад.

Роҳбари Корпоратсия Ҳани Салем Сонбол омодагии худро барои татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои зикршуда, инчунин тақвияти ҳамкории минбаъда баён намуд.

То имрӯз аз ҷониби Корпоратсияи байналмилалӣ лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 164 миллион доллар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ шуда, дар айни замон 3 лоиҳа ба маблағи 24 миллион доллар амалӣ мегарданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво