Завқӣ Завқизода ва Сезин Синаноғлу корҳои омодагӣ ба Форуми рушди Тоҷикистонро баррасӣ намуданд![]() ![]() Завқӣ Завқизода ба Сезин Синаноғлу барои ҳамкории мутақобилан судманд ва ҳиссагузорӣ дар рушди устувори иқтисодии кишвар миннатдорӣ баён намуд. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамкории дутарафаро ҷиҳати мусоидат барои маблағгузории ҳадафҳои стратегии кишвар ва тадбирҳои дар Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ пешбинишуда, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2022 тасдиқ шудааст, инчунин пешгирӣ ва бартарафсозии осеби офатҳои табиӣ бинобар сабаби тағйирёбии иқлим мавриди муҳокима қарор доданд. Сезин Синаноғлу омодагии Созмони Милали Муттаҳид ва оҷонсиҳои онро барои мусоидат намудан дар амалӣ гардонидани ҳадафу афзалияти рушди кишвар ва баргузории чорабиниҳои зикршуда баён намуд. АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |