27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Роштқалъа сохтмони бинои нави Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бомаром идома дорад

136
Моҳи июли соли 2023 бинои Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешавад. Дар робита ба ин, Вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода ва Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ба ноҳияи Роштқалъа омада, бо ҷараёни корҳои сохтмони бинои Агентии мазкур аз наздик шинос гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.

Зикр шуд, ки то имрӯз кормандони ин ниҳод дар биноҳое, ки солҳои 30-юми асри гузашта сохта шуданд, фаъолият карда истодаанд ва соли оянда аз баракати соҳибистиқлолии мамлакат ва сиёсати созандаи Пешвои миллат кормандони ин соҳа дар ноҳияи Роштқалъа соҳиби бинои нав мегарданд.

Дар рафти шиносоӣ Ширин Амонзода ва Алишер Мирзонабот ба масъулин барои босифат ва саривақт анҷом додани сохтмон ва мавриди истифода қарор додани бинои агентӣ дар ноҳия супоришҳои мушаххас доданд.

Мавриди зикр аст, ки бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи корӣ аз тамоми вазорату корхонаҳои ҷумҳурӣ ба ВМКБ сафарбар гардиданд.



АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво