24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ соли 2021 дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ярмаркаҳои ҷойи кор ташкил мекунад

247
Соли 2021 Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки иқдоми бо шуғли пурмаҳсул фаро гирифтани аҳолӣ ва фароҳамоварии заминаҳои шуғли фосилавӣ, ташкили курсҳои касбомӯзӣ барои калонсолон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакатро тақвият бахшида, бо мақсади фароҳам овардани шароити корӣ барои сокинон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор тадбирҳои саривақтӣ андешад. Соли 2021 аз ҷониби сохторҳои марбутаи вазорат дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ташкил карда мешаванд.

Ин нуктаро имрӯз зимни баргузории ҷаласаи мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти вазорат дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021» Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода баён намуд.

Дар ҷараёни ҷаласаи мушовара Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва шаҳру вилоятҳои он ба таври фосилавӣ аз фаъолияти худ гузориш доданд.

Зикр гардид, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи меҳнат, сатҳи зиндагии аҳолӣ, муҳоҷират, бозори меҳнат, шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон анҷом медиҳад. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти мақомоти дар нақшаи идоракунӣ муайяншуда ва ташкилоти системаи худро ҳамоҳанг менамояд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво