БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Роштқалъа беморхонаи замонавӣ ва корхонаи коркарди пашм месозанд![]() ![]() Зимни сафари корӣ ба ноҳияи музкур Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот аз сохтмони иншооти ҷашнӣ дар маркази ноҳия дидан кард. ![]() Ҳамзамон раиси вилоят бо соҳибони хонаҳое, ки бар асари фаромадани тарма зарар дида буданд, мулоқот намуда, барои тезонидани сохтмони хонаҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Раиси вилоят аз ҷараёни кишту кори баҳорӣ, сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва иншооти ноҳия дидан карда, ба роҳбарият ва масъулини сохтмонҳо барои бо сифати баланд ва сари вақт омода намудани иншоот супоришҳои ҷиддӣ дод. Мавриди зикр аст, ки маркази ноҳияи Роштқалъа дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯ ба пешрафт ниҳода, иншооти муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ дар он қомат афрохта истодаанд. Акс: МИҲД-и ВМКБ
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |