11 октябр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба зарардидагони офати табиӣ кумак расонида шуд

314
Зимни сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода бо ҳамроҳии Раиси вилоят Алишер Мирзонабот аз хонаҳое, ки ҳангоми фаромадани тарма зарар диданд, боздид намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар медиҳад.

Котиби Шӯрои амният ва Раиси вилоят бо соҳибони хонаҳои зарардида аз наздик суҳбат намуда, кумакҳои ниёзи аввал аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ ва кумаки молиявӣ расониданд.

Насрулло Маҳмудзода зимни суҳбат бо зарардидагон иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро танҳо намонда, ҷиҳати ҷудо намудани қитъаи замин ва сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ба онҳо кумак хоҳад кард.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба зарардидагони офати табиӣ кумак расонида шуд
Ёдовар мешавем, ки 16 март дар деҳаи Пашори ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон дар натиҷаи фаромадани тарма ду хонаи истиқоматӣ, аз ҷумла як хонаи истиқоматӣ пурра ва як хонаи истиқоматии дигар қисман зарар дида, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво