12 октябр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Ишкошим барои хизматчиёни давлатӣ бинои истиқоматӣ ба истифода дода мешавад

341
Дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар арафаи 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави истиқоматӣ, ки аз 24 ҳуҷра иборат аст, ба истифода дода мешавад. Дар ин бора аз бахши таҳлилӣ-иттилоотии дастгоҳи раиси вилоят ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Бинои мазкур барои кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони соҳаи иҷтимоӣ ҷудо гардида, бо маблағи 11 миллиону 774 ҳазор сомонӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда истодааст.

Хонаҳои истиқоматӣ бо тарҳи замонавӣ ва тамоми таҷҳизоти зарурии рӯзгор сохта шуда, фармоишгари сохтмони мазкур Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Мавриди зикр аст, ки Котиби шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон сарпарасти соҳаи иқтисодӣ-иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Насрулло Маҳмудзода зимни сафари кории хеш дар вилоят ҳамроҳ бо муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Умедҷон Носирзода аз иншооти ҷашнии ноҳияи Ишкошим дидан намуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво