18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Хоруғ ба шарафи ҷашни Истиқлолият иншооти муҳим мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд

220
Котиби шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода дар ҷараёни боздиди корӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ҷараёни корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар маркази вилоят шинос гардид. Дар ин бора аз бахши таҳлилӣ — иттилоотии дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Котиби шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд. Боздиди корӣ нахуст аз Маркази савдои навбунёд, воқеъ дар бозори «20-солагии Истиқлолият» оғоз гардид. Бояд гуфт, ки дар ин мавзеъ бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Айдибек Бекмуродӣ сохтмони Маркази савдои сетабақа идома дошта, қарор аст дар остонаи ҷашни миллӣ чорумин маркази тиҷоратӣ дар шаҳри Хоруғ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.

Дар ҳудуди бозори «20 солагии Истиқлолият» ҳамчунин бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ коргоҳи дӯзандагӣ бо ҷалби 45 нафар бонувону ҷавондухтарон дар пешорӯи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Бунёди коргоҳи мазкур барои фаъолияти пурсамар ва фароҳам овардани рушди соҳибкорӣ дар ин гӯшаи мамлакат мусоидат менамояд.

Котиби шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода зимни боздид аз иншооти ҷашнии шаҳри Хоруг аз мавзеи сохтмони пули мошингузари маҳаллаи Селхозтехника дидан кард. Бо мақсади коҳиши танбашавӣ дар хатсайриҳои шаҳри Хоруғ бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди сеюмин пули калони мошингузар бар фарози рӯдхонаи Ғунд дар шаҳри Хоруғ дар назар дошта шудааст. Тибқи лоиҳаи сохтмонӣ, дарозии он беш аз 200 метр буда, дар маркази вилоят нахустин пули мошингузари замонавӣ хоҳад буд.

Бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ ҳамчунин сохтмони бинои филиали рақами 66-и Бонки давалатии амонатгузории ҷумҳурӣ «Амонатбонк» оғоз гардида, аллакай 68 фисади корҳо ба анҷом расиданд. Бинои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикитсон «Амонатбонк» иншооти ҷашнӣ буда, дар арафаи таҷлили сазовор аз ҷашни Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Тибқи лоиҳа, бинои мазкур чорошёна буда, аз маҷлисгоҳ, шуъбаҳо ва қисми амалиётиву утоқҳои махсуси корӣ иборат мебошад. Фармоишгари ин сохтмон худи бонки мазкур ба ҳисоб меравад.

Гурӯҳи корӣ ҳамчунин бо ҷараёни сохтмони Театри миллӣ дар шаҳри Хоруғ аз наздик шинос гардида, барои ба тартиб даровардани роҳравҳо ва майдончаҳои атрофи бинои Театр масъулини сохтмониро муваззаф намуданд, ки дар асоси тарҳи меъмориву шаҳрсозӣ ҳудуди Театри миллиро пурра навсозӣ намоянд. Зикр гардид, ки театри мазкур барои 1000 ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, маблағи сохтмони он баробар ба 37 миллион сомонист ва ҳоло қариб 90 фоизи ин маблағ ба кор бурда шудааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво