29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ишкошим: ба пешвози Наврӯзи Аҷам корҳои ободонию сабзазоркунӣ вусъат меёбанд

291
Кормандони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба корҳои сабзазоркунии атрофи шуъба ва тоза намудани муҳити атроф шурӯъ карданд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ин амали хешро масъулин ба фаро расидани фасли баҳор ва Наврӯзи байналмилалӣ вобаста дониста, изҳор намуданд, ки аз қадим аҷдодони мо ба пешвози Наврӯзи Аҷам хонаву дар, кӯчаю маҳаллаҳо ва тамоми ҷойҳоро тозаву озода намуда, ҷашнро бо шодию нишот ва рӯҳияи баланди ватанпарастию инсондӯстӣ пешвоз мегирифтанд.

Аз соли 2019 инҷониб бинои асосии шуъба вобаста ба талаботи сохтмонӣ таъмир гардида, қисми зиёди корҳо қариб ба анҷом расонида шудаанд.

Айни замон корҳои сафолакпӯш намудани роҳравҳои назди шуъба идома доранд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво