Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот бо сокинон ва фаъолони ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Шуғнон мулоқот кард
135
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот дар доираи сафари корӣ ба ҷамоатҳои деҳоти Вер ва Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон бо фаъолон ва сокинон мулоқот намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон.
Раиси вилоят вазъи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияро таҳлилу баррасӣ намуда, ҷиҳати таъмини дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои босифати нақшаи чорабиниҳо ва барномаҳои давлатӣ, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ибрози назар кард. Ҳамчунин мавсуф масъулинро вазифадор намуд, ки доир ба омодагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вусъат бахшидани раванди корҳои ободониву созандагӣ барои таҷлили шоистаи ин ҷашни таърихӣ тадбир андешанд. Алишер Мирзонабот ҳамзамон оид ба рушди соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, роҳу нақлиёт, саноат, соҳибкорӣ, сайёҳӣ, варзиш, дастгирии иҷтимоии нафақахӯрону маъюбон, кӯдакони ятим ва оилаҳои камбизоат, ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ ибрози андеша кард. Мавсуф инчунин изҳори боварӣ кард, ки сокинони ноҳияи Шуғнон дар амалӣ намудани нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю талош намуда, 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистони азизамонро бо дастовардҳои шоиста истиқбол менамоянд. Дар ҷараёни вохӯрӣ аз ҷониби сокинони ҷамоатҳои деҳоти Вер ва Ванқалъа дархосту пешниҳод оид ба ҳалли мушкилоти мавҷуда пешкаши роҳбарияти вилоят гардиданд. Раиси вилоят масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро вазифадор намуд, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин пешниҳодоти сокинонро баррасӣ карда, барои иҷрои онҳо тадбирҳои заруриро андешанд. АКСҲО: МИҲД-и н. Шуғнон
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |