20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Таҳияи Лоиҳаи «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2023-2025» шурўъ гардид

166
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияи лоиҳаи «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2023-2025» шурӯъ гардида, дар он афзалиятҳои муайяншудаи «Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул барои давраи то соли 2040», ҳадафҳои пешбинишуда дар харитаи роҳи рушди фаъолияти вазорат то соли 2026, инчунин натиҷаҳои татбиқи барномаи мазкур ба инобат гирифта мешаванд. Ин матлаб 21 июн зимни баргузории ҷаласаи Кумитаи ҷумҳуриявии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат баён гардид.

Тавре аз маркази матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» доданд, ҷаласаи мазкур таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён доир шуда, дар кори он Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода, мудири шуъбаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода, инчунин намояндагони вазорату идораҳо ва шарикони иҷтимоӣ иштирок доштанд.

Дар ҷаласа се масъала: Ҷараёни иҷрои «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022», ҳолати иҷрои барномаи мазкур дар вилояти Хатлон ва нақшаи кори Кумита барои нимсолаи дуюми соли равон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта шуд, ки дурнамои «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар солҳои 2020-2022» дар сатҳи ҷумҳуриявӣ 118,6 фоиз ва дар вилояти Хатлон 120 фоизро ташкил медиҳад. Новобаста ба таъмини иҷрои барзиёди дурнамои барнома ҳанӯз ҳам, камбудиву мушкилот дар татбиқи барнома ҷой доранд.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода зимни баромад иброз намуд, ки Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар таъмини суботи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум нақши муҳим дошта, фаъолияти сохторҳои вазоратро дар соли равон тақвият медиҳад.

Дар ҷараёни ҷаласа муовини Сарвазир Матлубхон Сатториён ба шахсони масъул баҳри бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта дар раванди амалишавии барнома дастуру супоришҳои мушаххас дод.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии ҶТ





Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво