19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор масоили муҳоҷирати меҳнатиро баррасӣ намуданд

226
Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор масоили муҳоҷирати меҳнатиро баррасӣ намуданд16 май дар Қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода, ки барои иштирок дар Форуми якуми байналмилалии бознигарии масъалаи муҳоҷират дар Ню-Йорк ҳузур дорад, бо Намояндаи вежаи Хазинаи байналмилалии асъор дар СММ Роберт Паувел мулоқот намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба масоили муҳоҷирати меҳнатӣ табодули афкор намуданд.

Ширин Амонзода дар вохӯрӣ оид ба аҳамияти сафарбар намудани захираҳои молиявӣ барои ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, рушди инфрасохтори бозори меҳнат ва таҳияи барномаҳо барои дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ибрози андеша кард.

Ҳамзамон вохӯрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода бо муовини вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирати Эквадор Силвия Эспиндола доир гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо дар баробари дигар мавзӯъҳои эҳтимоми муштарак инчунин оид ба масоили мубрами раванди муҳоҷират табодули назар карданд.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво