27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ФУТБОЛ. «Файзканд» ва КМВА дар даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ ғолиб шуданд

124
ФУТБОЛ. «Файзканд» ва КМВА дар даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ ғолиб шуданд Се бозии даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 7 ва 9 майи соли равон дар варзишгоҳҳои мамлакат хеле ҷолиб баргузор шуданд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истравшан даври сеюм аст, ки пайи ҳам ба нокомӣ дучор меояд. Дастаи футболи «Истаравшан» ин навбат аз дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Голҳои артишиҳоро Иззатулло Рӯзиев, Шарафҷон Солеҳов, голи дастаи мизбонро Мбеке Сиябатчу Деудонӣ ба нишон расониданд.

Дар бозии дигар дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бар дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо натиҷаи 2:1 пирӯз шуд. Ҳисобро бозингари дастаи «Регар-ТадАЗ» Бахтиёр Чориев кушод. Ба голи задаи ӯ футболбозони дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ Доробҷон Эргашев ва Анвар Муродов бо ду гол ҷавоб доданд.

Бозӣ миёни ду дастаи вилояти Суғд – «Эсхата» ва «Равшан» (Зафаробад) мусовӣ (2:2) хотима ёфт. Голҳои дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷандро Дилшод Бозоров, Шаҳзодҷон Маъмурҷонов, голҳои «Равшан»-и ноҳияи Зафарободро Ҷаҳонгир Алиев ва Зуфарҷон Акбаралиев ба нишон расониданд.

Хотиррасон мешавем, ки ду бозии дигари даври шашум 12 май баргузор мегарданд. Дар ин рӯз дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе вомехӯранд. Мавриди зикр аст, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе аввалин бозиашро дар мавсими имсола доир мекунад.

Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол-2022 миёни дастаҳои Лигаи олӣ 30 апрел ва 1 май дар варзишгоҳҳои мамлакат дар сатҳи баланд баргузор гардида буданд. Дар даври панҷум дастаи «КМВ Артиш»-и шаҳри Душанбе ба аввалин бохт рӯбарӯ гардида, дастаи футболи «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод аввалин пирӯзиашро ҷашн гирифт. Дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе дар майдони худ аз дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Ба як голи бозингари дастаи мизбон Шарафҷон Солеҳов кӯлобиҳо тавассути Коуасси Инносент ва Абдухалил Боронов бо ду гол ҷавоб доданд.

Дастаи футболи «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод бар дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Ҳисобро футболбози дастаи «Истаравшан» Мбеке Сиябатчу Деудони кушод. Бозингари зафарободӣ Бахтиёр Зарипов ду гол зада, аввалин пирӯзии дастаи футболи «Равшан»-и ноҳияи Зафарободро дар Лигаи олӣ таъмин кард.

Дар бозии дигар дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода дар бозии хонагӣ дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард. Голҳоро дар ҳайати дастаи ғолиб Дилшод Бозоров, Фатҳулло Фатҳуллоев ва Алиҷони Айнӣ ба нишон расониданд. Дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар ин давр бо дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд баробар (0:0) бозӣ карда, пешсафиашро дар ҷадвали мусобиқа нигоҳ дошт.

Акс: ФФТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво