23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ФУТБОЛ. Замони баргузории бозиҳои даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон дар Лигаи олӣ муайян гардид

256
ФУТБОЛ. Замони баргузории бозиҳои даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон дар Лигаи олӣ муайян гардидПагоҳ бозиҳои даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол-2022 миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат оғоз мешаванд. Дар ин давр 7 май дастаҳои футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод, «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода, 9 май «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо КМВА-и шаҳри Душанбе, 12 май «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бозӣ мекунанд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Бозиҳои даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол-2022 миёни дастаҳои Лигаи олӣ 30 апрел ва 1 май дар варзишгоҳҳои мамлакат хеле ҷолиб баргузор гардиданд. Дар даври панҷум дастаи «КМВ Артиш»-и шаҳри Душанбе ба аввалин бохт рӯбарӯ гардида, дастаи футболи «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод аввалин пирӯзиашро ҷашн гирифт. Дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе дар майдони худ аз дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Ба як голи бозингари дастаи мизбон Шарафҷон Солеҳов кӯлобиҳо тавассути Коуасси Инносент ва Абдухалил Боронов бо ду гол ҷавоб доданд. Дастаи футболи «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод бар дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Ҳисобро футболбози дастаи «Истаравшан» Мбеке Сиябатчу Деудони кушод. Бозингари зафарободӣ Бахтиёр Зарипов ду гол зада, аввалин пирӯзии дастаи футболи «Равшан»-и ноҳияи Зафарободро дар Лигаи олӣ таъмин кард.

Дар бозии дигар дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода дар бозии хонагӣ дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард. Голҳоро дар ҳайати дастаи ғолиб Дилшод Бозоров, Фатҳулло Фатҳуллоев ва Алиҷони Айнӣ ба нишон расониданд.

Дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар ин давр бо дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд баробар (0:0) бозӣ карда, пешсафиашро дар ҷадвали мусобиқа нигоҳ дошт.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Хатлон» (Бохтар) 5 3 2 0 7-3 11
2 КМВА (Душанбе) 4 3 0 1 6-3 9
3 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 5 2 1 2 6-5 7
4 «Равшан» (Кӯлоб) 4 2 1 1 5-5 7
5 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 5 1 2 2 4-3 5
6 «Равшан» (Зафаробод) 5 1 2 2 5-9 5
7 «Истаравшан» (Истаравшан) 4 1 1 2 6-3 4
8 «Файзканд» (Восеъ) 4 1 1 2 3-7 4
9 «Эсхата» (Хуҷанд) 4 1 0 3 5-9 3
10 «Истиқлол» (Душанбе) 0 0 0 0 0-0 0
Рӯйхати голзанҳои пешсаф: Фатҳулло Фатҳуллоев («Регар-ТадАЗ»), Шарафҷон Солеҳов (КМВА), Абдухалил Боронов («Равшан» Кӯлоб), Бахтиёр Зарипов («Равшан» Зафаробод), Мбеке Сиябатчу Деудони («Истаравшан»), Санҷар Рихсибоев («Эсхата») – 3 -тӯбӣ.

Даври 6-ум

7 май (якшанбе)

«Эсхата» – «Равшан» (Зафаробод)

«Файзканд» – «Регар-ТадАЗ»

9 май (душанбе)

«Истаравшан» – КМВА

12 май (панҷшанбе)

«Хуҷанд» – «Равшан» (Кӯлоб)

«Хатлон» – «Истиқлол»

Акс: ФФТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво