20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ФУТБОЛ. Замони баргузории бозиҳои даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон дар Лигаи олӣ муайян гардид

130
ФУТБОЛ. Замони баргузории бозиҳои даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон дар Лигаи олӣ муайян гардид Бозиҳои даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол-2022 миёни дастаҳои Лигаи олӣ 16-17 апрел дар варзишгоҳҳои мамлакат доир мегарданд. Дар ин давр дастаҳои футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ва «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод бо КМВА-и шаҳри Душанбе миёни ҳам вомехӯранд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Аз 8 то 10 апрел дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол-2022 миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар сатҳи баланд баргузор шуданд. Дар чор бозӣ ҳамагӣ 8 гол зада шуд.

Бозии аз ҳамаи натиҷаовар дар шаҳри Истаравшан ба қайд гирифта шуд, ки дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бар дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад.

Дар бозии дигар дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ба дарвозаи дастаи нави Лигаи олӣ – «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод 3 голи беҷавоб зад.

Бозӣ миёни дастаҳои футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бидуни гол (0:0) анҷом ёфт. Дар бозии ниҳоӣ дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе бар дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.

Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол-2022 миёни дастаҳои Лигаи олӣ

Б Ғ М Б Т Х
1 «Истаравшан» (Истаравшан) 2 1 1 0 5-0 4
2 «Хатлон» (Бохтар) 2 1 1 0 3-1 4
3 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 2 1 0 1 3-1 3
4 КМВА (Душанбе) 1 1 0 0 1-0 3
5 «Эсхата» (Хуҷанд) 2 1 0 1 2-3 3
6 «Файзканд» (Восеъ) 2 1 0 1 3-6 3
7 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзада) 2 0 1 1 2-3 1
8 «Равшан» (Зафарабад) 2 0 1 1 2-5 1
9 «Истиқлол» (Душанбе) 0 0 0 0 0-0 0
10 «Равшан» (Кӯлоб) 1 0 0 1 1-3 0

АКС: ФФТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво