17 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ФУТБОЛ. «Равшан» ва «Регар-ТадАЗ» дар даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ ғолиб омаданд

188
ФУТБОЛ. «Равшан» ва «Регар-ТадАЗ» дар даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ ғолиб омадандБозиҳои даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол-2022 миёни дастаҳои Лигаи олӣ 30 апрел ва 1 май дар варзишгоҳҳои мамлакат хеле ҷолиб баргузор гардиданд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар даври панҷум дастаи «КМВ Артиш»-и шаҳри Душанбе ба аввалин бохт рӯбарӯ гардида, дастаи футболи «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод аввалин пирӯзиашро ҷашн гирифт. Дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе дар майдони худ аз дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Ба як голи бозингари дастаи мизбон Шарафҷон Солеҳов кӯлобиҳо тавассути Коуасси Инносент ва Абдухалил Боронов бо ду гол ҷавоб доданд. Дастаи футболи «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод бар дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Ҳисобро футболбози дастаи «Истаравшан» Мбеке Сиябатчу Деудони кушод. Бозингари зафарободӣ Бахтиёр Зарипов ду гол зада, аввалин пирӯзии дастаи футболи «Равшан»-и ноҳияи Зафарободро дар Лигаи олӣ таъмин кард.

Дар бозии дигар дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода дар бозии хонагӣ дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард. Голҳоро дар ҳайати дастаи ғолиб Дилшод Бозоров, Фатҳулло Фатҳуллоев ва Алиҷони Айнӣ ба нишон расониданд.

Дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар ин давр бо дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд баробар (0:0) бозӣ карда, пешсафиашро дар ҷадвали мусобиқа нигоҳ дошт.

Ёдовар мешавем, ки дар бозиҳои даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол-2022 миёни дастаҳои Лигаи олӣ 7 май дастаҳои футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод, «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода, 9 май «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо КМВА-и шаҳри Душанбе, 12 май «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе миёни ҳам вомехӯранд. Инчунин 8 май миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2022 баргузор мегардад.

ФУТБОЛ. «Равшан» ва «Регар-ТадАЗ» дар даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ ғолиб омаданд


Акс: ФФТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво