9 май 2021, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Ғолибони бозиҳои даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд

22
Бозиҳои даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор шуданд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дастаи фуболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ ба дарвозаи дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ 4 голи беҷавоб зад. Ғалабаи дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷандро дар ин бозии ҷолиб Дилшод Бозоров, Далер Ёдгоров, Нозим Бобоҷонов ва Тоҳир Малодӯстов таъмин намуданд.

Бозӣ миёни дастаҳои футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар – КМВА-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом ёфт. Суннатулло Исмоилов дар дақиқаи 67 бохтариҳоро ба пеш баровард, вале Комрони Мирзохон аз тими артиш баъди 6 дақиқа ҳисобро баробар кард.

Дастаи футболи «Душанбе»-и шаҳри Душанбе дар як бозии пуршиддат бар дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуд. Бозингари дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб Алишер Эргашев дар дақиқаи 12-ум тӯбро вориди дарвозаи дастааш карда, ҳисобро кушод. Кӯлобиҳо тавассути зарбаҳои нишонраси Муҳаммад Ризомов дар дақиқаи 29 ва Аваз Қамчинов дар дақиқаи 51 ба пеш баромаданд, вале ҳисобро нигоҳ дошта натавонистанд. Бозингарони дастаи футболи «Душанбе» Иззатулло Рӯзиев ду гол, Амир Манеш як гол зада, пирӯзии дастаи футболи «Душанбе»-и шаҳри Душанберо таъмин намуданд.

Ниҳоят, дар бозии охирини даври панҷум дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан дар сафар бар дастаи нави Лигаи олӣ – «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 2:3 ғолиб омад. Голҳои дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшанро дар ин бозии ҷолиб Ҷаҳонгир Сафаров, Отабек Каримов, Фирӯз Раҳматов, голҳои дастаи «Эсхата»-ро Акобир Тураев ва Мубинҷон Муъминов заданд.

Ҳамин тариқ, пас аз натиҷагирии панҷ даври бозиҳо, дар ҷадвали мусобиқа дастаи фуболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо 10 хол пешсаф аст. Дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо ҳашт хол дар ҷои дуюм, дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо 7 хол дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.



ҶОЙ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т Т ФТ Х
1. «ХУҶАНД» (ХУҶАНД) 5 3 1 1 11 3 +8 10
2. «ФАЙЗКАНД» (ВОСЕЪ) 4 2 2 0 4 1 +3 8
3. «ИСТАРАВШАН» (ИСТАРАВШАН) 4 2 1 1 4 3 +1 7
4. «ДУШАНБЕ» (ДУШАНБЕ) 4 2 0 2 7 9 -2 6
5. «КӮКТОШ» (РӮДАКИ) 4 2 0 2 4 8 -4 6
6. «ЭСХАТА» (ХУҶАНД) 5 1 2 2 8 8 0 5
7. «РАВШАН» (КӮЛОБ) 5 1 2 2 4 6 -2 5
8. КМВА (ДУШАНБЕ) 5 1 1 3 5 8 -3 4
9. «ХАТЛОН»(БОХТАР) 4 0 3 1 3 4 -1 3
10. «ИСТИҚЛОЛ» (ДУШАНБЕ) 0 0 0 0 0 0 0 0








Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво