26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сафири Тоҷикистон бо Намояндаи махсуси Президенти Русия оид ба ҳамкории байналмилалии фарҳангӣ мулоқот намуд

116
Сафири Тоҷикистон бо Намояндаи махсуси Президенти Русия оид ба ҳамкории байналмилалии фарҳангӣ мулоқот намудҶараёни иҷрои барномаи чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба таҷлили 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Русия дар мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Намояндаи махсуси Президенти ФР оид ба ҳамкории байналмилалии фарҳангӣ Михаил Швидкой баррасӣ гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Д. Гулмаҳмадзода бо қаноатмандӣ аз пешрафти равобити ду кишвар дар соҳаи фарҳанг изҳори умедворӣ кард, ки ҳамкории фарҳангӣ дар бахши санъати касбии театрӣ, мусиқӣ ва бадеӣ, инчунин ташкили намоишгоҳҳои осори санъати муосир, табодули академӣ миёни муассисаҳои таълимӣ ва муштарак, омода намудани кадрҳои касбӣ минбаъд низ густариш хоҳад ёфт.

М. Швидкой таъриху анъанаҳои ғанӣ, инчунин аҳамияти бузурги ҳамкории Тоҷикистон ва Русияро дар арсаи фарҳангӣ ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби лоиҳаҳои бисёрҷониба зикр намуд.

Дар ин замина бо тамаркуз ба ҳамкории гуногунҷанбаи фарҳангиву башардӯстонаи ду кишвар дар чаҳорчӯби Хазинаи байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ маҷмӯи чорабиниҳои фарҳангиро, ки соли 2022 дар қаламрави Тоҷикистон ба нақша гирифта шудаанд, хотиррасон кард.

Акс: ВКХ ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво