26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Москва масъалаи омодагӣ ба баргузории сафари расмии Валентина Матвиенко ба Душанбе баррасӣ шуд

191
Дар Москва масъалаи омодагӣ ба баргузории сафари расмии Валентина Матвиенко ба Душанбе баррасӣ шуд21 феврал мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо муовинони Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Константин Косачев ва Николай Журавлёв баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот ҷонибҳо аҳамияти муносибатҳои байнипарламентиро, ки тибқи анъана дӯстона буда, дар рӯҳияи шарикии стратегии ду кишвар густариш меёбанд, зикр карданд.

Тарафҳо доираи васеи масъалаҳои муҳими муносибатҳои Тоҷикистону Русияро дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисоду савдо, тандурустӣ, маориф ва илм, фарҳанг, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳамкории байниминтақавӣ мавриди муҳокима қарор доданд.

Мусоҳибон масоили омодагӣ ба баргузории сафари расмии дарпешистодаи Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенкоро ба Душанбе, ки 24-25 феврал дар назар аст, баррасӣ намуданд.

«Изҳори боварӣ шуд, ки сафари расмии Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко ба Тоҷикистон ба таҳкими муносибатҳои ду кишвар дар тамоми самтҳои муҳими ҳамкорӣ такони нав мебахшад», — гуфта мешавад дар хабари ВКХ Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли 2020 зимни сафари расмӣ ба Русия Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Москва бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко мулоқот карда буданд.

Рустами Эмомалӣ ба раиси палатаи болоии парлумони Русия барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ изҳори миннатдории самимӣ намуда, аҳамияти баррасии масъалаҳои мубрами шарикии стратегии ду кишварро дар сатҳи роҳбарони мақомоти қонунгузорӣ таъкид карда, самимона Валентина Матвиенкоро барои боздиди расмӣ ба Тоҷикистон даъват карда буданд.

10-11 ноябри соли 2021 ҷаласаҳои якҷояи кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия дар сиғаи онлайн дар чаҳорчӯби омодагӣ ба Анҷумани VII байналмилалии «Тоҷикистон-Русия: иқтидори ҳамкории байниминтақавӣ», ки баргузории он моҳи феврали соли 2022 дар назар аст, доир шуданд.



АКС: ВКХ ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво