19 август 2022, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Россия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд

142
Бегоҳии 24 ноябр дар шаҳри Москва мулоқотҳои хоссаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Матвиенко, инчунин ҳайатҳои расмии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия дар қолаби васеъ доир гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ ба пойтахти Федератсияи Россия ташриф оварданд. Боздиди мазкур нахустин сафари хориҷии роҳбари мақомоти болоии Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари хориҷӣ маҳсуб мешавад.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои даъват ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Матвиенко В.И. миннатдории самимӣ изҳор карда, муҳимияти баррасии масъалаҳои мубрами ҳамкории стратегии ду давлатро дар сатҳи роҳбарони мақомоти қонунгузор таъкид намуданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво