РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ: «БАРОИ ТОҶИКИСТОН ҲАМКОРИҲОИ ГУНОГУНҶАНБА БО РОССИЯ АҲАМИЯТИ ҶИДДӢ ВА АВВАЛИНДАРАҶА ДОРАНД». Сафари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе ба ФР идома дорад
310
Тавре қаблан иттилоъ додем, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ зимни сафари расмӣ ба шаҳри Москва дирӯз бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Россия Валентина Матвиенко дидору гуфтугӯ намуданд. Рустами Эмомалӣ таъкид доштанд, ки ҳамкориҳои дӯстона ва шарикии Тоҷикистону Россия имрӯз дар тамоми самтҳо мунтазам рушд доранд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи расмии Шӯрои Федератсияи ФР.
«Боварӣ дорам, ки натиҷаҳои гуфтушуниди имрӯза ба рушди ҳамкориҳои минбаъда дар тамоми соҳаҳо такони ҷиддӣ мебахшанд. Рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Россия ҷанбаи муҳими рушди сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст», — иқтибос овардааст суханони Рустами Эмомалиро агентӣ. Sputnik навиштааст, ки Раиси палатаи болоии парламенти Тоҷикистон инчунин дар бораи ҳамкориҳои байнипарлумонии ду кишвар изҳори назар намудаанд. «Тамоси доимии байнипарлумонӣ миёни кишварҳо заминаи тамоми ҳамкориҳо миёни ду кишвар аст. Ҳамкориҳои байнипарлумонӣ имкон медиҳад бо якдигар бештар дидор кунем ва масоили муҳиму мубрамро баррасӣ намоем ва ба масоили гуногун табодули назар намоем», — зикр намуданд Рустами Эмомалӣ. Рустами Эмомалӣ ҳамчунин ба ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ду кишвар низ ишора карда, гуфтаанд, ки барои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия имрӯзҳо механизмҳои зиёди ҳамкорӣ вуҷудпнд. «Имрӯз Тоҷикистону Россия дар соҳаҳои гуногун ҳамкориҳои хубро ба роҳ мондаанд, аз ҷумла ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ, низомӣ, низомӣ-техникӣ ва ғайра ҳамкории зич доранд», — изҳор намуданд Рустами Эмомалӣ. Аз ҷумла, зикр карда шуд, ки гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Россия дар нуҳ моҳи соли равон ба 723 миллион доллари ИМА расидааст. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ илова карданд, ки Россия сармоягузори муҳими Тоҷикистон аст. Дар фарҷоми мулоқот Рустами Эмомалӣ аз Валентина Матвиенко даъват намуданд, ки дар вақти барояшон мувофиқ ба Тоҷикистон ташриф биоранд. Валентина Матвиенко дар зимн хабар додааст, ки Рустами Эмомалӣ рӯзи 25-уми ноябр бо шаҳрдори Москва Сергей Собянин, Раиси Думаи давлатии ФР Вячеслав Володин ва ноиби сарвазири Россия, ҳамраиси Комиссияи байнидавлатии Тоҷикистон ва Россия Алексей Оверчук дидору гуфтугӯ хоҳад дошт. Ҳамчунин қарор аст, ҷаласаи комиссияҳои байнипорлумонии ду давлат баргузор гардад. АКС: Шӯрои Федератсияи ФР
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |