14 октябр 2024, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Мулоқоти Пешвои миллат бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федеролии Русия Валентина Матвиенко

1102
Имрӯз дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федеролии Русия Валентина Матвиенкоро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои афзалиятнок ва мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Русия ва Тоҷикистон шарикони воқеии стратегӣ буда дар Тоҷикистон ба рушду таҳкими рӯзафзуни муносибатҳои байнидавлатӣ бо Федератсияи Русия аҳамияти зарурӣ дода мешавад.
Аз раванди рушди муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия изҳори қаноатмандӣ гардида ба нақши парлумонҳои ҳарду давлат барои ба сатҳи сифатан нав расонидани ҳамкориҳо баҳои баланд дода шуд.Таъкид гардид, ки Форуми байнипарлумонии Тоҷикистон-Русия оид ба ҳамкориҳои минтақавӣ на танҳо барои парлумонҳо балки барои намояндагони тамоми минтақаҳо ва доираи кории ҳар ду давлат майдони фарохи рушди ҳамгироии муштарак ба ҳисоб меравад.
Дар мулоқот доир ба тақвияти муносибатҳои гуногунҷанбаи байни минтақаҳои Тоҷикистону Русия, рушду тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии байнидавлатӣ, беҳтаргардонии кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҷалби бештари доираи сармоягузорону соҳибкорони Русия ба истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданоки таббии Тоҷикистон табодули афкори судманд доир гардид.
Ҷонибҳо ҷиҳати рушду тавсеаи муносибатҳо дар соҳаҳои фарҳангу маориф ва муҳоҷирати меҳнатӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.
Ҳамчунин дар мулоқот доир ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла вазъи мураккаби сиёсию низомии Афғонистон,таҳкими иқтидори нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва мубориза бар зиди хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир аз қабили терроризму экстремизм табодули афкор сурат гирифт.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво