15 июл 2024, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ПУТИН ТОҶИКИСТОНРО ДӮСТИ НЕК ВА ИТТИФОҚЧИИ БОЭЪТИМОД ХОНД. Дар Кремл Президенти ФР аз Сафири ҶТ эътимоднома қабул кард

181
Дирӯз Президенти Русия аз 20 сафири навтаъйини кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода эътимоднома қабул кард. Маросими тантанавӣ аз рӯи анъана дар толори Александровскийи Қасри калони Кремл баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Президенти Федератсияи Русия.
Президенти Русия дар оғоз сафиронро бо оғози расмии фаъолияти дипломатиашон дар Русия табрик гуфта, ба онҳо дар иҷрои рисолати пуршараф ва масъулиятноки ба зиммаашон вогузоршуда ҷиҳати рушду таҳкими муносибатҳои байни давлатҳои онҳо бо Русия комёбӣ таманно намуд.
«Ва мо самимона манфиатдорем, ки кори шумо муваффақона бошад ва натиҷаҳои амалӣ орад. Албатта, шумо метавонед ба дастгирӣ ва кумаки мақомоти Русия, вазорату идораҳои мо, инчунин ба муносибати хайрхоҳона ва созандаи доираҳои тиҷоратӣ, сиёсӣ ва ҷамъиятии Русия умед дошта бошед», — гуфт Путин.
Президенти Русия зимни суханронии худ нуктаҳои асосии равобити Русия ва давлатҳоеро, ки сафирони нав намояндагӣ мекунанд, таъкид кард.
«Соли 2022 ба барқарории равобити дипломатӣ бо Тоҷикистон — дӯсти нек ва иттифоқчии боэътимоди Русия 30 сол пур мешавад, — зикр кард Путин. — Имсол дӯстони тоҷикистонӣ раёсати худро дар Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ муваффақона анҷом доданд. Кишварҳои мо дар доираи ин сохторҳо ва инчунин дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамкории зич доранд ва мавқеъҳоро оид ба масъалаҳои доғи минтақавӣ ҳамоҳанг мекунанд.
Бо дарназардошти вазъи душвор дар Афғонистони ҳамсоя, Русия ба дӯстони тоҷикистонӣ дар самти таъмини амният, аз ҷумла тавассути барномаи навсозии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мусоидат менамояд».

АКСҲО аз сомонаи Кремл




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво