20 июн 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сафири Тоҷикистон бо Президенти Палатаи савдо ва саноати Русия мулоқот кард

175
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Палатаи савдо ва саноати Русия мулоқот кардМулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Президенти Палатаи савдо ва саноати кишвари иқомат Сергей Катирин 1 апрел баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба роҳҳои таҳкими шарокат миёни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Русия табодули афкор намуданд.

Д. Гулмаҳмадзода ва С. Катирин зарурати баргузории ҳамоишҳои муштараки тиҷоратӣ ва намоишгоҳҳои соҳавиро бо мақсади афзоиш додани мубодилаи молу маҳсулот ва табодули таҷрибаи соҳибкорони ду кишвар таъкид карданд. Дар ин росто, ҷонибҳо ба масъалаи афзоиши содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Русия таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Ҳамсуҳбатон омодагиро ҷиҳати мусоидат ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Русия дар самти тичорат, иқтисод ва сармоягузорӣ изҳор карданд.

АКС: ВКХ Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво